ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ДАР БОРАИ ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРОТУ ИЛОВА БА КОДЕКСИ ГУМРУКИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Бо қарори Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 5 апрели соли 2017 № 720
қабул карда шуд.
Бо қарори Маҷлиси миллии
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 18 майи соли 2017 № 386
ҷонибдорӣ карда шуд.
Моддаи 1. Ба Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 декабри соли 2004 қабул шудааст (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2004, №12, қ. 2, мод. 703, мод. 704; с. 2006, №3, мод, 159; с. 2007, №7, мод. 681; с. 2008, №6, мод. 459, №10, мод. 818; с. 2011, №3, мод. 160, №6, мод. 458; с. 2012, №4, мод. 250, №7, мод. 695, мод. 724, №8, мод. 818, №12, қ. 1, мод. 1000; с. 2013, №12, мод. 879; с. 2015, №3, мод. 211; с. 2016, №3, мод. 151, №7, мод. 625, №11, мод. 882), тағйироту иловаи зерин ворид карда шаванд:
1. Дар матни Кодекс калимаҳои "қаламрави", "Қаламрави", "қаламрав", "ҚАЛАМРАВИ", "қаламраваш" ва "қаламраве" мувофиқан ба калимаҳои "ҳудуди", "Ҳудуди", "ҳудуд", "ҲУДУДИ", "ҳудудаш" ва "ҳудуде" иваз карда шаванд.
2. Дар қисми 2 моддаи 9, қисми 5 моддаи 368 ва қисми 4 моддаи 430 калимаи "ҳақ" ба калимаи "ҳуқуқ" иваз карда шавад.
3. Дар банди 2) қисми 1 моддаи 212 ва моддаи 312 калимаҳои "туризм" ва "туристӣ" ба калимаи "сайёҳӣ" иваз карда шаванд.
4. Дар банди 3) қисми 6 моддаи 441(1) калимаҳои "ба қувваи қонунӣ даромадани" ба калимаҳои "эътибори қонунӣ пайдо кардани" иваз карда шаванд.
5. Дар қисми 1 моддаи 483 калимаҳои "шаҳрванди қобили амали Ҷумҳурии Тоҷикистон шуда метавонад, ки" ба калимаҳои "шахсе шуда метавонад, ки танҳо шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дорад," иваз карда шаванд.
6. Дар қисми 1 моддаи 488:
- банди 15) бо мазмуни зерин илова карда шавад:
"15) бо сабаби қатъ гардидани шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон ё соҳиб шудан ба шаҳрвандии давлати дигар;";
- банди 15) банди 16) ҳисобида шавад.
Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш.Душанбе
30 майи соли 2017 № 1421
ЗАКОН РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН
О ВНЕСЕНИИ ИЗМЕНЕНИЙ И ДОПОЛНЕНИЯ В ТАМОЖЕННЫЙ КОДЕКС РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН
Принят Постановлением МН МОРТ
от 5 апреля 2017 года, №720
Одобрен Постановлением ММ МОРТ
от 18 мая 2017 года, №386
Статья 1, Внести в Таможенный кодекс Республики Таджикистан, принятый Законом Республики Таджикистан от 3 декабря 2004 года (Ахбори Маджлиси Оли Республики Таджикистан, 2004 г., №12, ч. 2, ст. 703, ст. 704; 2006 г., №3, ст. 159; 2007 г., №7, ст. 681; 2008 г., №6, ст. 459, №10, ст. 818; 2011 г., №3, ст. 160, №6, ст. 458; 2012 г., №4, ст. 250, №7, ст. 695, ст. 724, №8, ст. 818, №12, ч. 1, ст. 1000; 2013 г., №12, ст. 879; 2015 г., №3, ст. 211; 2016 г., №3, ст. 151, №7, ст. 625, №11, ст. 882), следующие изменения и дополнение:
1. В части 1 статьи 483 слова "дееспособные граждане Республики Таджикистан" заменить словами "лица, которые имеют только гражданство Республики Таджикистан".
2. Часть 1 статьи 488:
- дополнить пунктом 15) следующего содержания:
"15) в связи с прекращением гражданства Республики Таджикистан или приобретением гражданства другого государства;";
- пункт 15) считать пунктом 16).
Статья 2. Настоящий Закон ввести в действие после его официального опубликования.
Президент
Республики Таджикистан Эмомали Рахмон
г.Душанбе,
от 30 мая 2017 года, № 1421