ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ДАР БОРАИ ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРОТУ ИЛОВА БА КОДЕКСИ ҲУҚУҚВАЙРОНКУНИИ МАЪМУРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Бо қарори Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 12 апрели соли 2017 № 733
қабул карда шуд.
Бо қарори Маҷлиси миллии
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 18 майи соли 2017 № 398
ҷонибдорӣ карда шуд.
Моддаи 1. Ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 декабри соли 2008 қабул шудааст (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2008, №12, қ. 1, мод. 989, мод. 990; с. 2009, №5, мод. 321, №9-10, мод. 543; с. 2010, №1, мод. 2, мод. 5, №3, мод. 153, №7, мод. 547, №12, қ. 1, мод. 812; с. 2011, №6, мод. 430, мод. 431, №7-8, мод. 610, №12, мод. 838; с. 2012, №4, мод. 256, №7, мод. 685, мод. 693, №8, мод. 814, №12, қ. 1, мод. 1004; с. 2013, №3, мод. 181, №7, мод. 508; с. 2014, №3, мод. 143, мод. 144, №7, қ. 1, мод. 389, мод. 390; с, 2015, №3, мод. 201, №7-9, мод. 707, мод. 708, №11, мод. 955, №12, қ. 1, мод. 1108; с. 2016, №3, мод. 130, мод. 131, мод. 132, №5, мод. 359, мод. 361, №7, мод. 613, мод. 614, №11, мод. 877; Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 24 феврали соли 2017, № 1382 ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 24 феврали соли 2017, № 1383), тағйироту иловаи зерин ворид карда шаванд:
1. Дар сархати нуҳуми қисми 1 моддаи 36, қисми 2 моддаи 37, ном ва матни моддаи 46, матни моддаи 68, ном ва матни моддаи 255, қисми 2 моддаи 476, қисмҳои 1 ва 2 моддаи 478, матни моддаи 497, қисми 2 моддаи 498, ном ва матни моддаи 499, матни моддаи 500, ном ва қисми 1 моддаи 538, ном ва матни моддаи 594, ном ва матни моддаи 597 калимаи "қаламрави" ба калимаи "ҳудуди" иваз карда шавад.
2. Дар ном ва қисми 1 моддаи 480(1) калимаҳои "марзию маъмурии" ба калимаҳои "маъмурию ҳудудии" иваз карда шаванд.
3. Моддаи 501(1) бо мазмуни зерин илова карда шавад:
"Моддаи 501(1). Пинҳон кардани иттилоот дар бораи доштани шаҳрвандии давлати дигар
Барои аз ҷониби шаҳрванд пинҳон кардани иттилоот дар бораи доштани шаҳрвандии давлати дигар ҳангоми интихоб ва ё таъин шудан ба мансабҳое, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳдудият оид ба доштани шаҳрвандии давлати дигарро пешбинӣ менамояд,
ба андозаи аз бист то сӣ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад.".
Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш.Душанбе
30 майи соли 2017 № 1418
ЗАКОН РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН
О ВНЕСЕНИИ ДОПОЛНЕНИЯ В КОДЕКС РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН ОБ АДМИНИСТРАТИВНЫХ ПРАВОНАРУШЕНИЯХ
Принят Постановлением МН МОРТ
от 12 апреля 2017 года, №733
Одобрен Постановлением ММ МОРТ
от 18 мая 2017 года, №398
Статья 1. Дополнить Кодекс Республики Таджикистан об административных правонарушениях, принятый Законом Республики Таджикистан от 31 декабря 2008 года (Ахбори Маджлиси Оли Республики Таджикистан, 2008 г., №12, ч. 1, ст. 989, ст. 990; 2009 г., №5, ст. 321, №9-10, ст. 543; 2010 г., №1, ст. 2, ст. 5, №3, ст. 153, №7, ст. 547, №12, ч. 1, ст. 812; 2011 г., №6, ст. 430, ст. 431, №7-8, ст. 610, №12, ст. 838: 2012 г., №4, ст. 256, №7, ст. 685, ст. 693, №8, ст. 814, №12, ч. 1, ст. 1004; 2013 г., №3, ст. 181, №7, ст. 508; 2014 г., №3, ст. 143, ст. 144, №7, ч. 1, ст. 389, ст. 390; 2015 г., №3, ст. 201, №7-9, ст. 707, ст. 708, №11, ст. 955. №12, ч. 1, ст. 1108; 2016 г., №3, ст. 130, ст. 131, ст. 132, №5, ст. 359, ст. 361, №7, ст. 613, ст. 614, №11, ст. 877; Закон Республики Таджикистан от 24 февраля 2017 года, №1382 и Закон Республики Таджикистан от 24 февраля 2017 года, №1383), статьей 501(1) следующего содержания:
"Статья 501(1). Сокрытие информации о наличии гражданства другого государства
Сокрытие гражданином информации о наличии гражданства другого государства при избрании или назначении на должности, на которые законодательство Республики Таджикистан предусматривает ограничения по наличию гражданства другого государства,-
влечет наложение штрафа в размере от двадцати до тридцати показателей для расчетов.".
Статья 2. Настоящий Закон ввести в действие после его официального опубликования.
Президент
Республики Таджикистан Эмомали Рахмон
г.Душанбе,
от 30 мая 2017 года, № 1418