Замимаи 1
ба қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз "27" майи соли 2017 № 258
Низомномаи Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
1. Муқаррароти умумӣ
1. Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд - Кумита) мақоми иҷроияи марказии ҳокимияти давлатӣ буда, функсияҳои махсуси иҷроиявӣ, назоратӣ, иҷозатдиҳӣ ва дигар функсияҳои дар соҳаи фаъолияти рушди сайёҳӣ муқарраргардидаро анҷом медиҳад.
2. Кумита дар фаъолияти худ Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои конститутсионӣ, кодексҳо, қонунҳо, санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон, қарорҳои якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва Низомномаи мазкурро ба роҳбарӣ мегирад.
3. Кумита тибқи тартиби муқаррарнамудаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар ҳамкорӣ бо мақомоти иҷроияи марказии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, созмонҳои байналмилалӣ, ҷамъиятӣ ва дигар ташкилотҳо оид ба таҳия ва татбиқи сиёсати давлатӣ дар соҳаи сайёҳӣ ба роҳ мемонад.
2. Ваколатҳои Кумита
4. Ваколатҳои асосии Кумита аз инҳо иборатанд:
- сиёсати давлатӣ ва ҳамоҳангсозии фаъолияти сайёҳиро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба амал мебарорад;
- барномаҳои давлатии сайёҳӣ дар Тоҷикистонро амалӣ менамояд;
- иҷрои шартномаҳо ва созишномаҳои байналмилалӣ дар соҳаи сайёҳиро таъмин менамояд;
- манфиатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар ташкилотҳои байналмилалии сайёҳӣ намояндагӣ менамояд;
- бо созмонҳои ҷамъиятии соҳаи сайёҳӣ робита ва ҳамкорӣ менамояд;
- тибқи тартиби муқарраргардида санадҳои меъёрии ҳуқуқиро таҳия намуда, стандартҳои давлатии хизматрасонии сайёҳонро дар соҳаи фаъолият муайян менамояд;
- тибқи тартиби муқарраргардида ҷиҳати ҷалби сармоягузориҳо барои рушди соҳаи сайёҳӣ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳодҳо таҳия менамояд;
- ҳамоҳангсозии фаъолият ва роҳбарии меъёрию методӣ ба субъектҳои фаъолияти сайёҳиро амалӣ менамояд;
- тибқи тартиби муқарраршуда иҷозатномадиҳии фаъолияти сайёҳиро амалӣ менамояд;
- квотаи сайёҳии мутаносибан баробар дар байни субъектҳои фаъолияти сайёҳӣ барои тамошои объектҳои сайёҳию экскурсионӣ, ки бинобар зарурати муҳофизати онҳо аз вайроншавӣ ба Кадастри давлатии захираҳои туристии Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид карда шудаанд, муқаррар менамояд;
- ба сифати хизматрасонии сайёҳии пешниҳодшаванда ва иҷрои шартҳои иҷозатномадиҳӣ ва сертификатсия дар соҳаи сайёҳӣ назорат менамояд;
- интихоб, тайёр кардан ва ҷобаҷогузории кадрҳо (ба ғайр аз субъектҳои фаъолияти сайёҳии ғайридавлатӣ), гузаронидани корҳои илмию тадқиқотӣ дар соҳаи сайёҳӣ ва ташкили Кадастри давлатии захираҳои туристиро амалӣ менамояд;
- доир ба тартиби воридот ва содироти хизматрасониҳои туристӣ тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳодҳо таҳия менамояд;
- оид ба тарифҳои ягона барои фатҳи қуллаҳои кӯҳҳо, пардохтҳо барои наҷотдиҳӣ дар кӯҳҳо ва пардохти экологӣ тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳодҳо таҳия менамояд;
- тибқи тартиби муқарраргардида озмунҳо, фестивалҳо, конференсияҳо, форумҳо, ярмаркаҳо ва намоишгоҳҳои байналмилалӣ, байниминтақавӣ ва ҷумҳуриявӣ мегузаронад;
- функсияҳои ихтиёрдори асосӣ ва гирандаи маблағҳои буҷети ҷумҳуриявиро, ки барои таъминоти Кумита ва амалӣ намудани функсияҳое, ки ба зиммаи Кумита вогузор гардидаанд, анҷом медиҳад;
- дар доираи салоҳияти худ ҳифзи маълумоти дорои сирри давлатиро таъмин менамояд;
- омодагии касбии кормандони Кумита, бозомӯзӣ, такмили ихтисос ва таҷрибаомӯзии онҳоро ташкил менамояд;
- тибқи тартиби муқарраргардида бо мақомоти ҳокимияти давлатии давлатҳои хориҷӣ ва созмонҳои байналмилалӣ дар соҳаи муқарраргардидаи фаъолият ҳамкорӣ менамояд;
- тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳоро оид ба ҷамъоварӣ, нигоҳдорӣ, баҳисобгирӣ ва истифодаи ҳуҷҷатҳои бойгонӣ, ки дар ҷараёни фаъолияти Кумита ташаккул ёфтаанд, анҷом медиҳад;
- дигар ваколатҳое, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ намудааст, амалӣ менамояд.
5. Кумита бо мақсади татбиқи ваколатҳо дар соҳаи муқарраргардидаи фаъолият ҳуқуқ дорад:
- аз мақомоти иҷроияи марказӣ ва маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ маълумоти заруриро барои татбиқи босифати сиёсати давлатӣ оид ба рушди сайёҳӣ, инчунин ҷиҳати қабули қарорҳо оид ба масъалаҳои мансуб ба салоҳияти Кумита заруранд, дархост намояд ва гирад;
- тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон нишонҳои соҳавии хизматӣ, мукофотҳо таъсис намояд, кормандон ва шахсони ҳуқуқӣ ва воқеиро барои дастовардҳои баланд дар соҳаи муқарраргардидаи фаъолият бо онҳо сарфароз гардонад;
- барои ҳалли масъалаҳо дар соҳаи муқарраргардидаи фаъолият ташкилотҳои илмӣ, ташкилотҳои дигар, олимон ва мутахассисонро ҷалб намояд;
- мақомоти ҳамоҳангсозӣ, машваратӣ ва экспертӣ (шӯроҳо, комиссияҳо, гурӯҳҳо), коллективҳои эҷодӣ ва меҳнатиро барои татбиқи барномаҳо ва лоиҳаҳои мушаххас дар соҳаи мансуб ба салоҳияти Кумита таъсис диҳад ва низомномаҳои онҳоро тасдиқ намояд;
- тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таъсис ва барҳам додани муассисаю ташкилотҳои системаи Кумита ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таклиф пешниҳод мекунад.
6. Кумита дар фаъолияти худ ҳуқуқ надорад функсияҳои назорат ва функсияи идораи амволи давлатиро анҷом диҳад. ба истиснои ҳолатҳое, ки фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар намудаанд. Маҳдудиятҳои мазкур ба ваколатҳои Раис оид ба идораи амволи давлатӣ, ки ба Кумита бо ҳуқуқи идораи оперативӣ дода шудааст, ҳалли масъалаҳои кадрӣ ва масъалҳои ташкили фаъолияти Кумита татбиқ намегардад.
Ҳангоми танзими ҳуқуқии фаъолият Кумита ҳуқуқ надорад функсия ва ваколатҳоеро муқаррар намояд, ки қонунҳои конститутсионӣ, қонунҳо, санадҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои мақомоти марказии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии маҳаллӣ пешбинӣ нанамудаанд, инчунин ҳуқуқ надорад нисбат ба татбиқи ҳуқуқ ва озодиҳои шаҳрвавдон, ҳуқуқи ташкилотҳои ғайридавлатии тиҷоратӣ ва ғайритиҷоратӣ маҳдудият муқаррар намояд, ба истиснои ҳолатҳое, ки имконпазирии муайян намудани чунин маҳдудиятҳо мутобиқи санадҳои мақомоти марказии ваколатдори ҳокимияти иҷроия мустақиман дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қонунҳои конститутсионӣ, қонунҳо, санадҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ шудаанд.
3. Ташкили фаъолияти Кумита
7. Кумитаро раис роҳбарӣ менамояд, ки аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вазифа таъин ва аз вазифа озод карда мешавад. Раис барои иҷрои ваколатҳои ба зиммаи Кумита гузошташуда ва татбиқи сиёсати давлатӣ дар соҳаи муқарраргардидаи фаъолият масъулияти шахсӣ дорад.
8. Раис муовинон, аз ҷумла муовини якум дорад, ки бо пешниҳоди ӯ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вазифа таъин ва аз вазифа озод карда мешаванд. Шумораи муовинони раис аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда мешавад.
9. Воҳидҳои сохтории Кумита мувофиқи самтҳои асосии фаъолияти худ аз раёсатҳо, шуъбаҳо ва бахшҳо иборат мебошад. Ба таркиби раёсатҳо, шӯъбаҳо ва бахшҳо шомиланд, ки тибқи тартиби муқарраргардида бо фармонҳои Раиси Кумита таъсис, аз нав ташкил ва барҳам дода мешаванд.
10. Раис дар доираи ваколати худ:
- байни муовинони худ вазифаҳоро тақсим мекунад;
- низомномаҳои (оинномаҳои) воҳидҳои сохтории дастгоҳи марказӣ ва мақомоти дар нақшаи идоракунии Кумита зикргардидаро тасдиқ менамояд;
- кормандони дастгоҳи марказӣ ва мақомоти дар нақшаи идоракунии Кумитаи зикргардида ва муассисаю ташкилотҳои системаи Кумитаро тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вазифа таъин ва аз вазифа озод менамояд;
- тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи хизмати давлатӣ масъалаҳои вобаста ба адои хизмати давлатиро дар Кумита ҳал менамояд;
- сохтор ва басти вазифаҳои Кумита тибқи талаботи намунавӣ дар доираи фонди музди меҳнат ва шумораи кормандон, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар намудааст, сметаи ягонаи даромад ва хароҷоти Кумитаро дар доираи маблағҳои барои давраи дахлдор дар буҷети ҷумҳуриявӣ пешбинигардида тасдиқ мекунад;
- нақшаи кори ҳарсола ва нишондиҳандаҳои дурнамои фаъолияти муассисаю ташкилотҳои системаи Кумита, инчунин ҳисобот оид ба иҷрои онҳоро тасдиқ менамояд;
- бо пешниҳоди роҳбарони муассисаю ташкилотҳои системаи Кумита лоиҳаҳои низомномаҳо (оинномаҳо), шумораи ниҳоии воҳидҳои корӣ ва фонди музди меҳнати кормандони онҳоро тибқи тартиби муқарраргардида тасдиқ менамояд;
- тибқи тартиби муқарраргардида ба Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ташаккули буҷети ҷумҳуриявӣ дар қисми таъмини молиявии фаъолияти Кумита ва муассисаю ташкилотҳои системаи Кумита пешниҳод манзур мекунад;
- дар доираи ваколатҳои муқарраргардида ба муассисаю ташкилотҳои системаи Кумита супориш медиҳад ва иҷрои онҳоро назорат мекунад;
- қарорҳои муассисаю ташкилотҳои системаи Кумитаро, ки хилофи қонунгузорӣ мебошанд, агар қонунгузорӣ тартиби дигар пешбинӣ накарда бошад, бекор мекунад;
- бо пешниҳоди роҳбарони муассисаю ташкилотҳои системаи Кумита муовинони онҳоро ба вазифа таъин ва аз вазифа озод менамояд;
- тибқи тартиби муқарраргардида кормандони Кумита, муассисаю ташкилотҳои система, дигар шахсонеро, ки дар соҳаи муқарраргардида фаъолият менамоянд, барои сарфароз гардонидан бо мукофотҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод менамояд;
- дар ҳолати иҷро нагардидани уҳдадориҳои мансабӣ, вайронкунии интизоми меҳнат, тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи ваколатҳояш нисбати кормандони Кумита ва муассисаю ташкилотҳои системаи он чораҳо меандешад;
- қабули шахсони воқеӣ ва ҳуқуқиро ташкил намуда, баррасии саривақтӣ ва пурраи аризаҳои шифоҳӣ ва хаттии онҳо, қабул намудани қарор аз рӯи онҳо ва дар муҳлати муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба аризадиҳандагон ирсол намудани ҷавобҳоро таъмин менамояд;
- фармоишҳои хусусияти меъёридошта ва оид ба масъалаҳои фаврӣ ва ҷории ташкили фаъолияти Кумита фармоишҳои хусусияти меъёринадошта қабул мекунад.
11. Дар Кумита мушовара дар ҳайати раиси Кумита (раиси мушовара) ва муовинони ӯ (аз рӯи вазифа) ташкил карда мешавад. Ба ҳайати мушовара метавонанд кормандони роҳбарикунандаи Кумита, ташкилотҳои тобеи Кумита, намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ва намояндагони ташкилотҳои ҷамъиятии сайёҳӣ дохил шаванд.
12. Аъзои ҳайати мушовара, ба истиснои раис ва муовинон, ки мувофиқи вазифа ба ҳайати он дохил шудаанд, бо пешниҳоди раиси Кумита аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешаванд.
13. Ҳайати мушовара масъалаҳои муҳими вобаста ба фаъолияти Кумитаро баррасӣ менамояд. Қарорҳои ҳайати мушовара дар шакли протокол қабул шуда, бо фармоишҳои раиси Кумита амалӣ мегарданд. Ҷаласаи ҳайати мушовара дар сурати ширкат доштани аз нисф зиёди ҳайати он эътибор пайдо мекунанд. Қарорҳои ҳайати мушовара оид ба масъалаҳои баррасишаванда бо аксарияти овозҳо қабул карда мешаванд.
14. Маблағгузории дастгоҳи марказии Кумита аз ҳисоби маблағҳои буҷети ҷумҳуриявӣ ва маблағҳои дигар дар мувофиқа бо Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом дода мешавад.
15. Кумита шахси ҳуқуқӣ буда, дорои муҳр бо сабти Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ном бо забонҳои давлатӣ ва хориҷӣ, муҳр, штамп ва бланкҳои намунаи муқарраргардида мебошад ва аз суратҳисоби ягонаи Сарраёсати хазинадории марказии Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон маблағгузорӣ карда мешавад.
16. Кумита соҳиби молу мулк бо ҳуқуқи идоракунии оперативӣ ва тавозуни мустақил ва суратҳисоби махсус буда, метавонад аз номи худ шартномаҳо бандад, ҳуқуқи молу мулкӣ ба даст орад, дар суд ҳамчун даъвогар ё ҷавобгар баромад намояд.
17. Суроғаи ҳуқуқии Кумита: 734025, Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе,
Замимаи 2
ба қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз "27" майи соли 2017, № 258
Сохтори дастгоҳи марказии Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Роҳбарият;
Раёсати рушди сайёҳӣ;
Шуъбаи иҷозатномадиҳӣ;
Шуъбаи муҳосибот ва хоҷагӣ;
Бахши иқтисод ва банақшагирӣ;
Бахши муносибатҳои байналмилалӣ;
Бахши кадрҳо ва таъминоти ҳуқуқӣ;
Бахши умумӣ ва назорат;
Бахши котибот.
Замимаи 3
ба қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз "27" майи соли 2017, № 258
Нақшаи идоракунии Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дастгоҳи марказӣ;
Шуъбаҳои рушди сайёҳӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо ва шаҳри Душанбе;
Бахшҳои рушди сайёҳӣ дар шаҳру ноҳияҳо.
Замимаи 4