Низомномаи Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 майи соли 2017 № 258

Санаи амалкуни: 14.11.2019

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Замимаи 1

ба қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз "27" майи соли 2017 № 258

Замимаи 1

ба қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз "27" майи соли 2017 № 258

Низомномаи Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

(қарори Ҳукумати ҶТ аз 14.06.2024 № 356)

(қарори Ҳукумати ҶТ аз 14.06.2024 № 356)

дар таҳрири нав қабул шудааст(қарори Ҳукумати ҶТ аз 14.06.2024 № 356) 

1. Муқаррароти умумӣ

1. Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд - Кумита) мақоми иҷроияи марказии ҳокимияти давлатӣ буда, амалисозии сиёсати давлатиро дар соҳаи рушди сайёҳӣ таъмин менамояд.

2. Кумита фаъолияти худро тибқи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои конститутсионӣ, кодексҳо, қонунҳо, санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон, қарорҳои якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои дигари меъёрии ҳуқуқӣ ва Низомномаи мазкур амалӣ менамояд.

3. Кумита дар фаъолияти худ бо мақомоти дигари марказии ҳокимияти иҷроия, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, созмонҳои байналмилалӣ, ташкилоту муассисаҳои дигар ва шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, новобаста аз шакли ташкилию ҳуқуқии онҳо ҳамкорӣ менамояд.

2. ВАКОЛАТҲО

4. Кумита дар соҳаи муқарраргардидаи фаъолияти худ дорои ваколатҳои зерин мебошад:

...

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ҚАРОР

Дар бораи Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

 (қарори Ҳукумати ҶТ аз 14.06.2024 № 356)

Мутобиқи моддаи 12 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1. Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шавад.

2. Низомнома, сохтори дастгоҳи марказӣ, нақшаи идоракунӣ ва номгӯйи ташкилотҳои низоми Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда шаванд (замимаҳои 1, 2, 3 ва 4)(қарори Ҳукумати ҶТ аз 14.06.2024 № 356).

3. Шумораи ниҳоии кормандони дастгоҳи марказии Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба миқдори 40 воҳид (бе ҳайати хизматрасон) муқаррар карда шавад (қарори Ҳукумати ҶТ аз 14.06.2024 № 356).

4. Ба Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷозат дода шавад, ки 2 муовини раис, аз ҷумла як муовини якум дошта бошад ва ҳайати мушовараро иборат аз 7 нафар ташкил намояд.

5. Барои Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон лимити автомошинаҳои сабукрави хизматӣ ба миқдори 4 адад муқаррар карда шавад.

6. Маблағгузории дастгоҳи марказии Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби буҷети ҷумҳуриявӣ ва маблағҳои дигар дар мувофиқа бо Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом дода шавад.

7. хориҷ карда шуд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 14.06.2024 № 356).

8. Шумораи воҳидҳои кории шуъбаҳо ва бахшҳои Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сохтори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳо ба миқдори 44 воҳиди корӣ тибқи замимаи 4 таъсис дода шавад.

9. хориҷ карда шуд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 14.06.2024 № 356).

 

Раиси

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  Эмомалӣ Раҳмон

 

аз 27 майи соли 2017 № 258

ш.Душанбе