Низомномаи дар бораи низоми таъмини даъвати хадамоти таъҷилӣ ва эътино ба ҳолатҳои фавқулодда бо рақами кӯтоҳи ягонаи фаврии алоқаи "112" Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 апрели соли 2017 № 214

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз "28" апрели соли 2017, № 214

тасдиқ шудааст

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз "28" апрели соли 2017, № 214

тасдиқ шудааст

Низомномаи дар бораи низоми таъмини даъвати хадамоти таъҷилӣ ва эътино ба ҳолатҳои фавқулодда бо рақами кӯтоҳи ягонаи фаврии алоқаи "112" Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ

1. Низомномаи дар бораи низоми таъмини даъвати хадамоти таъҷилӣ ва эътино ба ҳолатҳои фавқулодда бо рақами кӯтоҳи ягонаи фаврии алоқаи "112" Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд - Низомнома) дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи мудофиаи гражданӣ", Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ҳифзи аҳолӣ ва ҳудуд аз ҳолатҳои фавқулоддаи дорои хусусияти табиӣ ва техногенӣ", қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 июни соли 2006, № 229 "Оид ба тасдиқи Низомномаи Хадамоти мудофиаи гражданӣ", қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 декабри соли 2014 № 833 "Дар бораи сохтор ва тартиби фаъолияти Низоми ягонаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба пешгирӣ ва рафъи ҳолатҳои фавқулодда" таҳия карда шудааст.

2. Низомномаи мазкур мақсад, сохтор, тартиби ташкил ва фаъолияти низоми таъмини даъвати хадамоти таъҷилӣ ва эътино ба ҳолатҳои фавқулоддаро бо рақами кӯтоҳи ягонаи фаврии алоқаи "112" (минбаъд низоми "112") муайян месозад.

3. Низоми "112" барои таъминоти иттилоотии хадамоти навбатдорӣ-танзимгарӣ, инчунин таъмини даъвати хадамоти таъҷилӣ ва эътино аз тарафи ҳар як истифодабарандаи хизматрасониҳои алоқа бо воситаи чидани рақамҳои пешбинишуда барои даъвати хадамоти таъҷилии дахлдор пешбинӣ мешавад. .

4. Мақсадҳои асосӣ аз ташкили низоми "112":

- қавигардонии минбаъдаи муносибатҳои дутарафа ва рушди ҳамкорӣ байни хадамоти таъҷилӣ ва эътино ба ҳолатҳои фавқулодда, муҳимияти ноилшавӣ ба натиҷаҳои намоён дар анҷом додани чорабиниҳои якҷоя оид ба ҳифзи аҳолӣ ва ҳудуд аз ҳолатҳои фавқулодда;

- баланд бардоштани самаранокии чораҳо оид ба мудофиаи гражданӣ ва ҳифзи аҳолӣ аз ҳолатҳои фавқулодда;

- ташкил намудани фазои ягонаи иттилоотӣ ва коммуникатсионӣ ва вусъат додани робитаҳо дар самти ҳамкории техникӣ;

- қабули даъвати таъҷилӣ бо низоми "112" оид ба ҳолатҳои фавқулодда ва ҳодиса;

...

Утверждено

постановлением Правительства

Республики Таджикистан

от 28 апреля 2017 года, №214

Утверждено

постановлением Правительства

Республики Таджикистан

от 28 апреля 2017 года, №214

ПОЛОЖЕНИЕ

о системе обеспечения вызова экстренных и реагирующих служб на чрезвычайные ситуации по единому краткому оперативному номеру "112" Комитета по чрезвычайным ситуациям и гражданской обороне при Правительстве Республики Таджикистан

1. ОБЩИЕ ПОЛОЖЕНИЯ

1. Положение о системе обеспечения вызова экстренных и реагирующих служб на чрезвычайные ситуации по единому краткому оперативному номеру "112" Комитета по чрезвычайным ситуаций и гражданской обороне при Правительстве Республики Таджикистан (далее - Положение) разработано на основании Закона Республики Таджикистан "О гражданской обороне", Закона Республики Таджикистан "О защите населения и территорий от чрезвычайных ситуаций природного и техногенного характера", постановления Правительства Республики Таджикистан от 3 июня 2006 года №229 "Об утверждении Положения служб гражданской обороны" постановления Правительства Республики Таджикистан от 31 декабря 2014 года, №833 "О структуре и порядке функционирования Единой государственной системы Республики Таджикистан по предупреждению и ликвидации чрезвычайных ситуаций".

2. Настоящее Положение определяет цель, структуру, порядок создания и функционирования системы обеспечения вызова экстренных и реагирующих служб на чрезвычайные ситуации по единому краткому оперативному номеру "112" (далее - система "112").

3. Система "112" предусматривается для информационного обеспечения единых дежурно-диспетчерских служб, а также обеспечения вызова экстренных и реагирующих служб каждым пользователем услуг связи посредством набора номера, предназначенного для вызова соответствующей экстренной службы.

4. Основными целями создания системы "112" являются:

- дальнейшее укрепление взаимоотношений и развитие взаимодействия между экстренными и реагирующими службами на чрезвычайные ситуации, важность достижения ощутимых результатов в осуществлении совместных мероприятий по защите населения и территории от чрезвычайных ситуаций;

- повышение эффективности мер по гражданской обороне и защите населения от чрезвычайных ситуаций;

- создание единого информационного и коммуникационного пространства и расширение связей в области технического сотрудничества;

...