Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 апрели соли 2017 № 221 "Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5 феврали соли 2013, № 34"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ҚАРОР

Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5 феврали соли 2013, № 34

 

Мутобиқи моддаи 42 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1. Ба Низомномаи Муассисаи давлатии "Фонди дастгирии соҳибкории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон", ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5 феврали соли 2013, № 34 "Дар бораи Муассисаи давлатии "Фонди дастгирии соҳибкории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон" тасдиқ шудааст, тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:

- дар банди 6 калимаҳои "забонҳои давлатӣ, русӣ ва англисӣ" ба калимаҳои "забони давлатӣ" иваз карда шаванд;

- сархати сеюми банди 9 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:

"- бо забони англисӣ - State enterpise "Entrereneurship support fund under the Government of the Republic of Tajikistan", дар шакли ихтисоршуда - SE ESFGRT".";

- дар банди 10 калимаҳои "хиёбони Рӯдакӣ-44" ба калимаҳои "кӯчаи Теҳрон, 21" иваз карда шаванд;

- ба банди 12 баъд аз сархати ҳаштум сархатҳои зерин илова карда шаванд:

"- дар барасмиятдарории шартномаҳои гарав ҳамчун кредитор ва гаравгир иштирок намояд;

- маълумоти заруриро оид ба субъектҳои соҳибкорӣ аз дигар мақомоти давлатӣ дархост намояд;

- бо мақсади мониторинги қарз аз қарзгир ҳуҷҷатҳои дигари ба иҷрои назорат алоқамандро талаб намояд;

- молу мулки аз тарафи субъектҳои соҳибкорӣ ба сифати гарав пешниҳодшударо таҳти омӯзиш қарор дода, таҳлили маркетингии молу мулки ба гарав гузошташавандаро гузаронад, арзиши воқеӣ ва нархи бозории фурӯши молу мулки гаравро муайян намояд;

...

Правительство Республики Таджикистан

ПОСТАНОВЛЕНИЕ

О внесении изменений и дополнений в постановление Правительства Республики Таджикистан от 5 февраля 2013 года, №34

В соответствии со статьей 42 Закона Республики Таджикистан "О нормативных правовых актах" Правительство Республики Таджикистан постановляет:

1. Внести в Положение о Государственном учреждении "Фонд поддержки предпринимательства при Правительстве Республики Таджикистан", утверждённое постановлением Правительства Республики Таджикистан от 5 февраля 2013 года, №34 "О Государственном учреждении "Фонд поддержки предпринимательства при Правительстве Республики Таджикистан", следующие изменения и дополнения:

- в пункте 6 слова "государственном, русском и английском языках" заменить словами "государственном языке";

- третий абзац пункта 9 изложить в следующей редакции:

"- на английском языке: State enterprise "Entrepreneurship support fund under the Government of the Republic of Tajikistan", в сокращённом виде - SE "ESFGRT".";

- в пункте 10 слова "проспект Рудаки-44" заменить словами "улица Техрон, 21";

- пункт 12 после восьмого абзаца дополнить следующими абзацами:

"- участвовать в качестве кредитора и залогодержателя в оформлении договора залога;

- запрашивать необходимую информацию о субъектах предпринимательства у других государственных органов;

- требовать от кредитополучателя в целях мониторинга кредита дополнительные документы, связанные с проверкой;

- обследовать залоговое имущество, представленное субъектом предпринимательства, проводим, маркетинговый анализ представленного залогового имущества, определить фактическую стоимость и рыночную цену продажи залогового имущества;

- проверять состояние залогового имущества, требовать от кредитополучателя правильную эксплуатацию залогового имущества, в том числе содержание, использование и другие обстоятельства;";

...