Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 апрели соли 2017 № 220 "Дар бораи ворид намудани тағйирот ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5 августи соли 1998, № 306"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ҚАРОР

Дар бораи ворид намудани тағйирот ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5 августи соли 1998, № 306

Мутобиқи моддаи 42 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

Ба Низомномаи тартиби иҷозадиҳӣ барои идораи воситаҳои нақлиёт ва ба шаҳрвандон додани асноди ронандагӣ, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5 августи соли 1998, № 306 "Дар бораи тасдиқи Низомномаи тартиби иҷозатдиҳӣ барои идораи воситаҳои нақлиёт ва ба шаҳрвандон додани асноди ронандагӣ" тасдиқ шудааст, тағйироти зерин ворид карда шавад:

- дар бандҳои 1, 35, 50, 51 ва 53 калимаи "қаламрави" ба калимаи "ҳудуди" иваз карда шавад;

- дар ҷумлаи дуюми сархати шашуми банди 35 калимаи "хироҷ" ба калимаҳои "меъёри хизматрасонӣ" иваз карда шавад.

Раиси

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон   Эмомалӣ Раҳмон

аз 28 апрели соли 2017 № 220

ш.Душанбе

...