×

Низомнома дар бораи тартиби баррасии масъалаҳои шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 12 апрели соли 2017 № 868

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Бо фармони Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз "12" апрели соли 2017, № 868

тасдиқ шудааст

Бо фармони Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз "12" апрели соли 2017, № 868

тасдиқ шудааст

Низомнома дар бораи тартиби баррасии масъалаҳои шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон

1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ

1. Низомномаи мазкур тартиби барасмиятдарорӣ, пешниҳод, қабул ва баррасии дархостҳо оид ба масъалаҳои шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон, пешниҳодҳо дар хусуси аз даст додани шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон, қабул, иҷро ва бекор кардани қарорҳо оид ба масъалаҳои шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин муайян намудани мансубияти шахс ба шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва номгӯйи ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистонро муқаррар мекунад.

2. Масъалаҳо вобаста ба шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон" (минбаъд - Қонуни конститутсионӣ), санадҳои меъёрии ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин Низомномаи мазкур баррасӣ мегарданд.

3. Тибқи шартномаҳои байналмилалии Тоҷикистон тартиби дигари соҳиб шудан ва қатъ гардидани шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ шуда метавонад.

2. ТАРТИБИ БАРАСМИЯТДАРОРӢ, ПЕШНИҲОД ВА ҚАБУЛИ ДАРХОСТҲО ОИД БА МАСЪАЛАҲОИ ШАҲРВАНДИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

§1. Қоидаҳои умумии барасмиятдарорӣ, пешниҳод ва қабули дархостҳо оид ба масъалаҳои шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон

4. Дархостҳо оид ба масъалаҳои шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби шахсони қобили амал, ки ба синни ҳаждаҳ расидаанд, бо тартиби муқаррарнамудаи моддаи 35 Қонуни конститутсионӣ пешниҳод карда мешаванд. Дархостҳо оид ба тағйир додани шаҳрвандии кӯдакон ва шахсони ғайри қобили амал аз ҷониби падару модар, васӣ ё парастор ва ё роҳбарони муассисаҳое, ки дар онҳо кӯдакон ё шахсони ғайри қобили амал қарор доранд, пешниҳод гардида, дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таври нотариалӣ ва берун аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби намояндагиҳои дипломатӣ ё муассисаҳои консулии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хориҷа бояд тасдиқ шуда бошанд.

5. Қабули дархостҳои шахсоне, ки дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон доимӣ истиқомат мекунанд, вобаста ба маҳалли истиқомати дархостдиҳандагон аз ҷониби Хадамоти шиносномавию бақайдгирии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва воҳидҳои минтақавии он (минбаъд - мақомоти корҳои дохилӣ) сурат мегирад.

6. Қабули дархостҳои шахсоне, ки берун аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон доимӣ истиқомат мекунанд, аз ҷониби намояндагиҳои дипломатӣ ва муассисаҳои консулии Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд - мақомоти корҳои хориҷӣ) дар хориҷа сурат мегирад. Агар дар давлати иқомати доимии шахсе, ки изҳори хоҳиши бо дархост муроҷиат карданро намудааст, намояндагии дипломатӣ мавҷуд набошад, чунин дархостҳо дар наздиктарин намояндагии дипломатӣ барои баррасӣ қабул карда мешаванд.

...

Утверждено

указом Президента

Республики Таджикистан

от 12 апреля 2017 года, №868

Утверждено

указом Президента

Республики Таджикистан

от 12 апреля 2017 года, №868

Положение о порядке рассмотрения вопросов гражданства Республики Таджикистан

1. ОБЩИЕ ПОЛОЖЕНИЯ

1. Настоящее Положение устанавливает порядок оформления, подачи, приема и рассмотр.ения ходатайств по вопросам гражданства Республики Таджикистан, представлений об утрате гражданства Республики Таджикистан, принятия, исполнения и отмены решений по вопросам гражданства Республики Таджикистан, а также определения принадлежности лица к гражданству Республики Таджикистан и перечень документов, удостоверяющих гражданство Республики Таджикистан.

2. Вопросы, связанные с гражданством Республики Таджикистан рассматриваются в соответствии с Конституцией Республики Таджикистан, конституционным Законом Республики Таджикистан "О гражданстве Республики Таджикистан" (далее - конституционный Закон), международными правовыми актами, признанными Таджикистаном, другими нормативными правовыми актами Республики Таджикистан, а также настоящим Положением.

3. Международными договорами Таджикистана может быть предусмотрен иной порядок приобретения и прекращения гражданства Республики Таджикистан.

2. ПОРЯДОК ОФОРМЛЕНИЯ, ПОДАЧИ И ПРИНЯТИЯ ХОДАТАЙСТВ ПО ВОПРОСАМ ГРАЖДАНСТВА РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН

§1. Общие правила оформления, подачи и принятия ходатайств по вопросам гражданства Республики Таджикистан

4. Ходатайства по вопросам гражданства Республики Таджикистан подаются дееспособными лицами, достигшими восемнадцатилетнего возраста, в порядке, установленном статьей 35 конституционного Закона. Ходатайства об изменении гражданства детей и недееспособных лиц подаются родителями, опекунами или попечителями, и/или руководителями учреждений, в которых находятся дети или недееспособные лица, которые на территории Республики Таджикистан должны быть нотариально заверены, а за пределами Республики Таджикистан - дипломатическими представительствами или консульскими учреждениями Республики Таджикистан за границей.

5. Приём ходатайств лиц, постоянно проживающих на территории Республики Таджикистан, в зависимости от места жительства ходатайствующих, осуществляется Паспортно-регистрационной службой Министерства внутренних дел Республики Таджикистан и ее зональными единицами (далее - органы внутренних дел).

6. Приём ходатайств лиц, постоянно проживающих за пределами Республики Таджикистан, осуществляется дипломатическими представительствами и консульскими учреждениями Республики Таджикистан за границей (далее - органы иностранных дел). В случае, если в государстве постоянного проживания лица, желающего обратиться с ходатайством, отсутствует дипломатическое представительство, такие ходатайства принимаются к рассмотрению в ближайшем дипломатическом представительстве.

...