Бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 1 апрели соли 2017, № 161
тасдиқ шудааст
Бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 1 апрели соли 2017, № 161
тасдиқ шудааст
ТАРТИБИ ГАРДИШИ СИЛОҲИ ҒАЙРИНИЗОМӢ ВА ЛАВОЗИМОТИ ҶАНГИИ ОН
1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ
1. Тартиби гардиши силоҳи ғайринизомӣ ва лавозимоти ҷангии он (минбаъд - Тартиб) гардиши силоҳи ғайринизомӣ ва лавозимоти ҷангии он, аз ҷумла истеҳсол ва сохтани силоҳ, хариду фурӯши силоҳ, фурӯхтан, соҳиб шудан ба он, ба дигарон додан, баҳисобгирӣ, нигоҳ доштан, интиқол додан, бо худ гирифта гаштан, истифода бурдан, супоридан, гирифтан, мусодира кардан, нобуд сохтан, инчунин ба ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид намудан ва аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон содир намудани силоҳи ғайринизомӣ ва лавозимоти ҷангии онро ба танзим медарорад.
2. Ба силоҳи ғайринизомӣ силоҳе мансуб мебошад, ки барои истифодаи шаҳрвандон бо мақсади худмуҳофизаткунӣ, машғулияти варзишӣ ва шикор таъин шудааст.
2. ИСТЕҲСОЛ ВА СОХТАНИ СИЛОҲИ ҒАЙРИНИЗОМӢ ВА ЛАВОЗИМОТИ ҶАНГИИ ОН
3. Истеҳсол ва сохтани силоҳи ғайринизомӣ ва лавозимоти ҷангии он аз ҷониби шахсони ҳуқуқие, ки тибқи талаботи қонунгузорӣ иҷозатномаи мақомоти корҳои дохилиро барои истеҳсоли (таҳқиқ, коркард, озмоиш, сохтан, ороиш ва таъмири) силоҳи ғайринизомӣ ва лавозимоти ҷангии он доранд, амалӣ карда мешавад.
4. Шахсони ҳуқуқие, ки чунин намудҳои фаъолиятро амалӣ менамоянд, барои ин ҳуқуқ доранд:
- гузаронидани таҳқиқоте, ки ба ихтирои навъ ва намунаҳои нави силоҳ ва лавозимоти ҷангии он алоқамандӣ дорад;
- коркард намудани намунаҳои таҷрибавии навъ ё намунаҳои нави силоҳ ва лавозимоти ҷангии он дар ҷараёни гузаронидани корҳои таҷрибавӣ-конструкторӣ, инчунин таҳия ва ташхиси ҳуҷҷатгузории илмӣ-техникӣ барои истеҳсоли силоҳ ва лавозимоти ҷангии он;
- гузаронидани озмоиши силоҳи ғайринизомӣ ва ё лавозимоти ҷангии он барои муайян намудани тавсифи техникии онҳо ва муқаррар намудани ҳадди муҳлати хизмат ва бехатарии истифодаи он;
...