Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 24 феврали соли 2017 № 1383 "Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ДАР БОРАИ ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БА КОДЕКСИ ҲУҚУҚВАЙРОНКУНИИ МАЪМУРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

 

Бо қарори Маҷлиси намояндагони

Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 10 ноябри соли 2016 № 620

қабул карда шуд.

 

Бо қарори Маҷлиси миллии

Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 16 феврали соли 2017 № 321

ҷонибдорӣ карда шуд.

Моддаи 1. Ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 декабри соли 2008 қабул шудааст (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2008, №12, қ.1, мод. 989, мод. 990; с. 2009, №5, мод. 321, №9-10, мод. 543; с. 2010, №1, мод. 2, мод. 5, №3, мод. 153, №7, мод. 547, №12, қ.1, мод. 812; с. 2011, №6, мод. 430, мод. 431, №7-8, мод. 610, №12, мод. 838; с.2012, №4, мод. 256, №7, мод. 685, мод. 693, №8, мод. 814, №12, қ.1, мод. 1004; с. 2013, №3, мод. 181, №7, мод. 508; с. 2014, №3, мод.143, мод. 144, №7, қ.1, мод. 389, мод. 390; с. 2015, №3, мод. 201, №7-9, мод. 707, мод. 708, №11, мод. 955, №12, қ.1, мод. 1108; с. 2016, №3, мод. 130, мод. 131, мод. 132, №5, мод. 359, мод. 361, №7, мод. 613, мод. 614), тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:

1. Аз қисми 1 моддаи 1 ва қисми 6 моддаи 8 калимаи "(Сарқонуни)" хориҷ карда шавад.

2. Ба қисми 4 моддаи 45 баъд аз калимаҳои "шахси сеюм аст," калимаҳои "ба истиснои ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурӣ дар соҳаи қонунгузории гумрук," илова карда шаванд.

3. Моддаи 367 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:

"Моддаи 367. Ворид намудан, тайёр, паҳн ва истифода кардани намудҳои гуногуни таҷҳизоту барномаҳое, ки барои дигаргун кардани маълумоти идентификатории воситаҳои мобилии алоқаи барқӣ истифода мешаванд ва (ё) истифодаи воситаҳои мобилии алоқаи барқӣ, ки маълумоти идентификаториашон дигар карда шудааст

Барои ба ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид намудан ва дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон тайёр, паҳн ва истифода кардани намудҳои гуногуни таҷҳизоту барномаҳое, ки барои дигаргун кардани маълумоти идентификатории воситаҳои мобилии алоқаи барқӣ истифода мешаванд ва (ё) истифодаи воситаҳои мобилии алоқаи барқӣ, ки маълумоти идентификаториашон дигар карда шудааст,-

ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз се то панҷ, ба шахсони мансабдор аз сӣ то чил ва ба шахсони ҳуқуқӣ аз сад то дусад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад.".

4. Санксияи моддаи 577 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:

"ба шахсони воқеӣ ва шахсони мансабдор ба андозаи аз нисф то дукарата ва шахсони ҳуқуқӣ ба андозаи аз ду то секаратаи арзиши мол ё воситаи нақлиёти аз сарҳади гумрукӣ ғайриқонунӣ интиқолгардида бо мусодираи ашёе, ки олоти содир намудани ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ё объекти бевоситаи он мебошад, ҷарима таъйин карда мешавад.".

5. Дар санксияҳои қисмҳои 1 ва 2 моддаи 578 калимаҳои "яккарата" ва "дукаратаи" мувофиқан ба калимаҳои "дукарата" ва "секаратаи" иваз карда шаванд.

6. Дар санксияи моддаи 597 калимаи "дукаратаи" ба калимаи "секаратаи" иваз карда шуда, баъд аз калимаи "мебошад," калимаҳои "бо мусодираи ашёи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ" илова карда шаванд.

Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

 

Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон            Эмомалӣ Раҳмон

 

ш.Душанбе

24 феврали соли 2017 № 1383

 

ЗАКОН РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН

О ВНЕСЕНИИ ИЗМЕНЕНИЙ И ДОПОЛНЕНИЙ В КОДЕКС РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН ОБ АДМИНИСТРАТИВНЫХ ПРАВОНАРУШЕНИЯХ

Принят Постановлением МН МОРТ

от 10 ноября 2016 года, №620

Одобрен Постановлением ММ МОРТ

от 16 февраля 2017 года, №321

Статья 1. Внести в Кодекс Республики Таджикистан об административных правонарушениях, принятый Законом Республики Таджикистан от 31 декабря 2008 года (Ахбори Маджлиси Оли Республики Таджикистан, 2008 г., №12, ч.1, ст. 989, ст. 990; 2009 г., №5, ст. 321, №9-10, ст. 543; 2010 г., №1, ст. 2, ст. 5, №3, ст. 153, №7, ст. 547, №12, ч.1, ст. 812; 2011 г., №6, ст. 430, ст. 431, №7-8, ст. 610, №12, ст. 838; 2012 г., №4, ст. 256, №7, ст. 685, ст. 693, №8, ст. 814, №12, ч.1, ст.1004; 2013 г., №3, ст. 181, №7, ст. 508; 2014 г., №3, ст. 143, ст. 144, №7, ч.1, ст. 389, ст. 390; 2015 г., №3, ст. 201, №7-9, ст. 707, ст. 708, №11, ст. 955, №12, ч.1, ст. 1108; 2016 г., №3, ст. 130, ст. 131, ст. 132, №5, ст. 359, ст. 361, №7, ст. 613, ст. 614), следующие изменения и дополнения:

1. Часть 4 статьи 45 после слов "является собственностью третьих лиц," дополнить словами "за исключением административных правонарушений в области таможенного законодательства,".

2. Статью 367 изложить в следующей редакции:

"Статья 367. Ввоз, изготовление, распространение и использование различных видов оборудования и программ, используемых для изменения данных идентификаторов мобильных средств электрической связи и (или) использование мобильных средств электрической связи, идентификационные данные которых изменены

Ввоз на территорию Республики Таджикистан, изготовление, распространение и использование на территорий Республики Таджикистан различных видов оборудованиям программ, используемых для изменения данных идентификаторов мобильных средств электрической связи и (или) использование мобильных средств электрической связи, идентификационные данные которых изменены,

влекут наложение штрафа на физических лиц в размере от трёх до пяти, на должностных лиц от тридцати до сорока и на юридические лица от ста до двухсот показателей для расчетов.".

3. Санкцию статьи 577 изложить в следующей редакции:

"влечет наложение штрафа на физических и должностных лиц в размере, от половины до двукратной и на юридические лица - в размере от двух до трехкратной стоимости товара или транспортного средства, незаконно перемещенного через таможенную границу, с конфискацией предмета, являющегося орудием совершения административного правонарушения, или его непосредственным объектом.".

4. В санкциях частей 1 и 2 статьи 578 слова "однократного", "двукратного", "однократной" и "двукратной" соответственно заменить словами "двукратной", "трехкратной стоимости", "двукратной" и "трехкратной".

5. В санкции статьи 597 слово "двукратной" заменить словом "трехкратной", после слова "правонарушения" дополнить словами "с их конфискацией".

Статья 2. Настоящий Закон ввести в действие после его официального опубликования.

Президент

Республики Таджикистан     Эмомали Рахмон

г.Душанбе,

от 24 февраля 2017 года, № 1383