Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 24 феврали соли 2017 № 1395 "Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БА КОДЕКСИ ОИЛАИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Бо қарори Маҷлиси намояндагони

Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 1 декабри соли 2016 № 649

қабул карда шуд.

Бо қарори Маҷлиси намояндагони

Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 1 декабри соли 2016 № 649

қабул карда шуд.

Бо қарори Маҷлиси миллии

Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 16 феврали соли 2017 № 336

ҷонибдорӣ карда шуд.

Бо қарори Маҷлиси миллии

Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 16 феврали соли 2017 № 336

ҷонибдорӣ карда шуд.

Моддаи 1. Ба Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13 ноябри соли 1998 (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с, 1998, №22, мод. 303; с. 2006, №4, мод. 196; с. 2008, №3, мод. 201; с. 2010, №7, .мод. 546; с. 2011, №3, мод. 177, №12, мод. 855; с. 2013, №3, мод. 195; с. 2015, №11, мод. 960; с. 2016, №3, мод. 143; Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 14 ноябри соли 2016, №1365) тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:

1. Дар қисми 4 моддаи 31, матни моддаи 45, қисми 4 моддаи 46, қисмҳои 2 ва 4 моддаи 60 калимаҳои "қонунҳои гражданӣ" ба калимаҳои "қонунгузории граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон" иваз карда шаванд.

...

2. Дар қисми 1 моддаи 32 калимаҳои "иқоматгоҳ ва маҳали будубош" ба калимаҳои "маҳалли истиқомат ва будубош" иваз карда шаванд.

3. Дар моддаи 43:

- дар номи модда калимаҳои "Тағйир додани" ба калимаҳои "Тағйир додан ё бекор кардани" иваз карда шаванд;

- дар қисми 1 калимаҳои "беэътибор кардан" ва "беэътибор донистани" мувофиқан ба калимаҳои "бекор кардан" ва "бекор кардани" иваз карда шаванд.

4. Дар матни моддаи 51, қисми 3 моддаи 66 калимаҳои "қонунҳои мурофиаи гражданӣ" ба калимаҳои "қонунгузории мурофиавии граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон" иваз карда шаванд.

5. Аз қисми 1 моддаи 147 калимаи "маълумотноккунӣ," хориҷ карда шавад.

Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон            Эмомалӣ Раҳмон

ш.Душанбе

24 феврали соли 2017 № 1395