ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ДАР БОРАИ ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БА КОДЕКСИ ҲУҚУҚВАЙРОНКУНИИ МАЪМУРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Бо қарори Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 10 ноябри соли 2016 № 620
қабул карда шуд.
Бо қарори Маҷлиси миллии
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 16 феврали соли 2017 № 321
ҷонибдорӣ карда шуд.
Моддаи 1. Ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 декабри соли 2008 қабул шудааст (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2008, №12, қ.1, мод. 989, мод. 990; с. 2009, №5, мод. 321, №9-10, мод. 543; с. 2010, №1, мод. 2, мод. 5, №3, мод. 153, №7, мод. 547, №12, қ.1, мод. 812; с. 2011, №6, мод. 430, мод. 431, №7-8, мод. 610, №12, мод. 838; с.2012, №4, мод. 256, №7, мод. 685, мод. 693, №8, мод. 814, №12, қ.1, мод. 1004; с. 2013, №3, мод. 181, №7, мод. 508; с. 2014, №3, мод.143, мод. 144, №7, қ.1, мод. 389, мод. 390; с. 2015, №3, мод. 201, №7-9, мод. 707, мод. 708, №11, мод. 955, №12, қ.1, мод. 1108; с. 2016, №3, мод. 130, мод. 131, мод. 132, №5, мод. 359, мод. 361, №7, мод. 613, мод. 614), тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:
1. Аз қисми 1 моддаи 1 ва қисми 6 моддаи 8 калимаи "(Сарқонуни)" хориҷ карда шавад.
2. Ба қисми 4 моддаи 45 баъд аз калимаҳои "шахси сеюм аст," калимаҳои "ба истиснои ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурӣ дар соҳаи қонунгузории гумрук," илова карда шаванд.
3. Моддаи 367 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
"Моддаи 367. Ворид намудан, тайёр, паҳн ва истифода кардани намудҳои гуногуни таҷҳизоту барномаҳое, ки барои дигаргун кардани маълумоти идентификатории воситаҳои мобилии алоқаи барқӣ истифода мешаванд ва (ё) истифодаи воситаҳои мобилии алоқаи барқӣ, ки маълумоти идентификаториашон дигар карда шудааст
Барои ба ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид намудан ва дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон тайёр, паҳн ва истифода кардани намудҳои гуногуни таҷҳизоту барномаҳое, ки барои дигаргун кардани маълумоти идентификатории воситаҳои мобилии алоқаи барқӣ истифода мешаванд ва (ё) истифодаи воситаҳои мобилии алоқаи барқӣ, ки маълумоти идентификаториашон дигар карда шудааст,-
ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз се то панҷ, ба шахсони мансабдор аз сӣ то чил ва ба шахсони ҳуқуқӣ аз сад то дусад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад.".
4. Санксияи моддаи 577 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
"ба шахсони воқеӣ ва шахсони мансабдор ба андозаи аз нисф то дукарата ва шахсони ҳуқуқӣ ба андозаи аз ду то секаратаи арзиши мол ё воситаи нақлиёти аз сарҳади гумрукӣ ғайриқонунӣ интиқолгардида бо мусодираи ашёе, ки олоти содир намудани ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ё объекти бевоситаи он мебошад, ҷарима таъйин карда мешавад.".
5. Дар санксияҳои қисмҳои 1 ва 2 моддаи 578 калимаҳои "яккарата" ва "дукаратаи" мувофиқан ба калимаҳои "дукарата" ва "секаратаи" иваз карда шаванд.
6. Дар санксияи моддаи 597 калимаи "дукаратаи" ба калимаи "секаратаи" иваз карда шуда, баъд аз калимаи "мебошад," калимаҳои "бо мусодираи ашёи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ" илова карда шаванд.
Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш.Душанбе
24 феврали соли 2017 № 1383