ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ДАР БОРАИ ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БА КОДЕКСИ ҶИНОЯТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Бо қарори Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 21 декабри соли 2016 № 672
қабул карда шуд.
Бо қарори Маҷлиси миллии
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 16 феврали соли 2017 № 319
ҷонибдорӣ карда шуд.
Моддаи 1. Ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 21 майи соли 1998 қабул шудааст (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с.1998, №9, мод.68, мод.69, №22, мод.306; с.1999, №12, мод.316; с.2001, №4, мод.149, мод.167; с.2002, №11, мод.675, мод.750; с.2003, №8, мод.456, мод.468; с.2004, №5, мод.346, №7, мод.452, мод.453; с.2005, №3, мод.126, №7, мод.399, №12, мод.640; с.2007, №7, мод.665; с.2008, №1, қ.1, мод.3, №6, мод.444, мод.447, №10, мод.803, №12, қ.1, мод.986, №12, қ.2, мод.992; с.2009, №3, мод.80, №7-8, мод.501; с.2010, №3, мод.155, №7, мод.550; с.2011, №3, мод.161, №7-8, мод.605; с.2012, №4, мод.258, №7, мод.694; с.2013, №6, мод.403, мод.404, №11, мод.785, №12, мод.881; с.2014, №3, мод.141, №7, қ.1, мод.385, мод.386; с.2015, №3, мод.198, мод.199, №11, мод.949, №12, қ.1, мод.1107; с.2016, №3, мод.127, №5, мод.355, мод.356, №7, мод.608, мод.609; Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 14 ноябри соли 2016, №1358, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 14 ноябри соли 2016, №1359), тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:
1. Дар моддаи 314:
- банди 1) эзоҳи модда дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
"1) Таҳти мафҳуми шахси мансабдор дар Кодекси мазкур шахси таъин ё интихобшуда фаҳмида мешавад, ки ба таври доимӣ, муваққатӣ ё бо ваколати махсус вазифаи намояндаи ҳокимияти давлатиро амалӣ менамояд, яъне бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дорои ваколатҳои амрдиҳӣ нисбат ба шахсоне мебошад, ки дар тобеияти хизматии ӯ қарор надоранд, инчунин шахсе, ки вазифаҳои ташкилию амрдиҳӣ, маъмурию хоҷагидориро дар мақомоти ҳокимияти давлатӣ, муассисаҳои давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, ҳамчунин дар субъектҳои хоҷагидори давлатӣ ва дигар субъектҳои хоҷагидоре, ки дар онҳо ҳиссаи давлат на кам аз нисфро ташкил медиҳад, ба таври музднок ё бемузд иҷро менамояд ва шахсони ба онҳо баробаркардашуда.";
- дар банди 3) эзоҳ калимаи "маҳаллӣ" ба калимаҳои "шаҳрак ва деҳот" иваз карда шавад;
- ба эзоҳи модда бандҳои 4) ва 5) бо мазмуни зерин илова карда шаванд:
"4) Вазифаҳои ташкилию амрдиҳӣ - ваколатҳо оид ба амалӣ намудани роҳбарии коллективи меҳнатӣ, доираи муайяни кор, кормандони алоҳида, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳо, ташкили меҳнати кормандони тобеъ, назорат ва санҷиши риояи интизоми меҳнат, татбиқи чораҳои ҳавасмандгардонӣ ва муҷозоти интизомӣ.
5) Вазифаҳои маъмурию хоҷагидорӣ - ваколатҳо оид ба идора ва ихтиёрдории молу мулк.".
Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш.Душанбе
24 феврали соли 2017 № 1380