ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ДАР БОРАИ ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРОТ БА КОДЕКСИ ҶИНОЯТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Бо қарори Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 14 декабри соли 2016 № 655
қабул карда шуд.
Бо қарори Маҷлиси миллии
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 16 феврали соли 2017 № 318
ҷонибдорӣ карда шуд.
Моддаи 1. Ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 21 майи соли 1998 қабул шудааст (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с.1998, №9, мод.68, мод.69, №22, мод.306; с.1999, №12, мод.316; с.2001, №4, мод.149, мод.167; с.2002, №11, мод.675, мод.750; с.2003, №8, мод.456, мод.468; с.2004, №5, мод.346, №7, мод.452, мод.453; с.2005, №3, мод.126, №7, мод.399, №12, мод.640; с.2007, №7, мод.665; с.2008, №1, қ.1, мод.3, №6, мод.444, мод.447, №10, мод.803, №12, қ.1, мод.986, №12, қ.2, мод.992; с.2009, №3, мод.80, №7-8, мод.501; с.2010, №3, мод.155, №7, мод.550; с.2011, №3, мод.161, №7-8, мод.605; с.2012, №4, мод.258, №7, мод.694; с.2013, №6, мод.403, мод.404, №11, мод.785, №12, мод.881; с.2014, №3, мод.141, №7, қ.1, мод.385, мод.386; с.2015, №3, мод.198, мод.199, №11, мод.949, №12, қ.1, мод.1107; с.2016, №3, мод.127, №5, мод.355, мод.356, №7, мод.608, мод.609; Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 14 ноябри соли 2016, №1358, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 14 ноябри соли 2016, №1359), тағйироти зерин ворид карда шаванд:
1. Дар қисми 6 моддаи 49 рақамҳо ва калимаи "289 қисми 1" ба рақамҳо ва калимаҳои "289 қисмҳои 1 ва 2" иваз карда шаванд.
2. Дар банди а) қисми 1 моддаи 57 калимаҳои "предмети контрабанда (қочоқ)" ба калимаҳои "мол ва (ё) ашёи дигари қочоқ" иваз карда шаванд.
3. Моддаи 289 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
"Моддаи 289. Қочоқ
1) Қочоқ - интиқоли мол ва (ё) ашёи дигар аз сарҳади гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон бидуни назорати гумрукӣ ё пинҳонӣ аз назорати гумрукӣ ё бо роҳи фиреб истифода кардани ҳуҷҷатҳо ё воситаҳои ҳаммонандкунии (идентификатсионии) гумрукӣ, ё декларатсия накардан, ё декларатсиякунонии носаҳеҳи онҳо, ба истиснои ашёҳое, ки дар қисми 3) моддаи мазкур нишон дода шудаанд, агар дар давоми сол пас аз татбиқи ҷазои маъмурӣ содир шуда бошад,-
бо ҷарима ба андозаи аз дусаду панҷоҳ то панҷсад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати то се сол ҷазо дода мешавад.
2) Ҳамин кирдор, агар ба миқдори калон содир шуда бошад,-
бо ҷарима ба андозаи аз панҷсад то нӯҳсаду дувоздаҳ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати то панҷ сол ҷазо дода мешавад.
3) Интиқоли воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ, прекурсорҳои онҳо, моддаҳои сахттаъсир, заҳролуд, заҳролудкунанда, радиоактивӣ, тарканда, аслиҳа, воситаҳои таркиш, силоҳи оташфишон, лавозимоти ҷангӣ ё муҳимоти ҳарбӣ, силоҳи зарравӣ, химиявӣ, биологӣ ё дигар намуди силоҳи қатли ом, мавод ва таҷҳизоте, ки барои сохтани силоҳи қатли ом истифода шуданашон мумкин аст, ҳамчунин ашёи хоми аз ҷиҳати стратегӣ муҳим, осори бадеӣ, таърихӣ, бостоншиносӣ ё арзишҳои дигари фарҳангӣ аз сарҳади гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки нисбат ба онҳо қоидаҳои махсуси интиқол тавассути сарҳади гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян гардидаанд, агар ин кирдор бидуни назорати гумрукӣ ё пинҳонӣ аз назорати гумрукӣ, ё бо роҳи фиреб истифода кардани ҳуҷҷатҳо, ё воситаҳои ҳаммонандкунии (идентификатсионии) гумрукӣ, ё декларатсия накардан ё декларатсиякунонии носаҳеҳ содир шуда бошад,-
бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз панҷ то даҳ сол ҷазо дода мешавад.
4) Кирдорҳои пешбининамудаи қисмҳои якум, дуюм ё сеюми моддаи мазкур агар:
а) такроран;
б) аз ҷониби шахси мансабдор бо истифодаи мақоми хизматӣ;
в) бо истифодаи зӯроварӣ ё таҳдиди он нисбат ба шахсе, ки назорати гумрукиро анҷом медиҳад;
г) бо роҳи рахна кардани сарҳади гумрукӣ содир шуда бошанд,-
бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз даҳ то понздаҳ сол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан ба фаъолияти муайян ба мӯҳлати то панҷ сол ё бидуни он ҷазо дода мешаванд.
5) Кирдорҳои пешбининамудаи қисмҳои якум, дуюм, сеюм ё чоруми ҳамин модда, агар аз ҷониби гурӯҳи муташаккил содир шуда бошанд,-
бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз понздаҳ то бист сол ва бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан ба фаъолияти муайян ба мӯҳлати то панҷ сол ё бидуни он ҷазо дода мешаванд.
Эзоҳ: Кирдори пешбининамудаи қисми дуюми моддаи мазкур ҳангоме ба миқдори калон содиршуда ҳисобида мешавад, агар арзиши мол ё воситаи нақлиёти интиқолшуда аз дую ним ҳазор нишондиҳанда барои ҳисобҳо бештар бошад.".
Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш.Душанбе
24 феврали соли 2017 № 1379