Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 25 феврали соли 2017 № 102 "Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 майи соли 2013, № 210"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ҚАРОР

Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 майи соли 2013, № 210

 

Мутобиқи моддаи 42 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1. Дар ном ва банди 1 қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 майи соли 2013, № 210 "Дар бораи Тартиби истифодаи мошини назоратӣ-хазинавии дорои хотираи фискалӣ (аз ҷумла ҳангоми муомилот бо кортҳои пардохтӣ ва штрихкодҳо), талаботи техникӣ ба мошинҳои назоратӣ-хазинавии дорои хотираи фискалӣ (назоратӣ), инчунин талабот нисбат ба системаи компютерӣ оид ба назорати хизматрасониҳои алоқаи мобилӣ ва хизматрасониҳои электронӣ" калимаи "штрихкодҳо" ба калимаҳои "штрих-кодҳо" иваз карда шавад.

2. Ба Тартиби истифодаи мошини назоратӣ-хазинавии дорои хотираи фискалӣ (аз ҷумла ҳангоми муомилот бо кортҳои пардохтӣ ва штрихкодҳо), талаботи техникӣ ба мошинҳои назоратӣхазинавии дорои хотираи фискалӣ (назоратӣ), инчунин талабот нисбат ба системаи компютерӣ оид ба назорати хизматрасониҳои алоқаи мобилӣ ва хизматрасониҳои электронӣ, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 майи соли 2013, № 210 тасдиқ шудааст, тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:

а) дар ном ва банди 1 калимаи "штрихкодҳо" ба калимаҳои "штрих-кодҳо" иваз карда шавад;

б) дар банди 2:

- дар сархати якум пас аз калимаҳои "(минбаъд - МНХ)" калимаҳои "бо таҷҳизоти интиқолдиҳандаи электронӣ" илова карда шаванд;

- дар сархати панҷум пас аз калимаи "ҳисоботии" калимаҳои "бо тариқи электронӣ ташкилшуда ва (ё) тариқи хаттӣ чопшудаи" илова карда шаванд;

- дар сархати даҳум калимаҳои "терминали хизматрасонии худкор" ба калимаҳои "терминали худкори хизматрасонӣ (минбаъд - терминал)" иваз карда шаванд;

- дар сархати бистум калимаҳои "мақоми ваколатдори давлатӣ" ба калимаҳои "мақомоти андози Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд - мақоми ваколатдори давлатӣ)" иваз карда шаванд;

- ба банди мазкур сархатҳои нав бо мазмуни зерин илова карда шаванд:

"- таҷҳизоти интиқолдиҳандаи электронӣ (минбаъд - ТИЭ) таҷҳизот барои МНХ, ки бо мақсади интиқол додани маълумот доир ба ҳисоббаробаркуниҳои пулӣ тавассути шабакаи телекоммуникатсионии алоқа ба маркази коркарди маълумоти мақоми ваколатдори давлатӣ истифода бурда мешавад;

...

Правительство Республики Таджикистан

ПОСТАНОВЛЕНИЕ

О внесении изменений и дополнений в постановление Правительства Республики Таджикистан от 2 мая 2013 года, №210

В соответствии со статьей 42 Закона Республики Таджикистан "О нормативных правовых актах" Правительство Республики Таджикистан постановляет:

1. Внести в постановление Правительства Республики Таджикистан от 2 мая 2013 года, №210 "Об Порядка применения контрольно-кассовых машин с фискальной памятью (в том числе, при операциях с платежными карточками и штрих-кодами), технических требований к контрольно-кассовым машинам с фискальной (контрольной) памятью, а также требований к компьютерной системе по контролю услуг мобильной связи и электронных услуг" следующие изменения:

а) название постановления изложить в следующей редакции: "О Порядке применения контрольно-кассовых машин с фискальной памятью (в том числе при операции с платежными картами и штрихкодами), технических требованиях к контрольно-кассовым машинам с фискальной (контрольной) памятью, а также требованиях к компьютерной системе по контролю услуг мобильной связи и электронных услуг";

б) в пункте 1 слово "карточками" заменить словом "картами".

2. Внести в Порядок применения контрольно-кассовых машин с фискальной памятью (в частности, при обращениях с платежными картами и штрих-кодами), технические требования к контрольно-кассовым машинам с фискальной памятью (контрольные), в том числе требований к компьютерной системе обслуживания мобильной связи и электронных услуг, утвержденный постановлением Правительства Республики Таджикистан от 2 мая 2013 года, №210, следующие изменения и дополнения:

а) название Порядка изложить в следующей редакции:

"Порядок применения контрольно-кассовых машин с фискальной памятью (в том числе при операции с платежными картами и штрих-кодами), технические требования к контрольно-кассовым машинам с фискальной (контрольной) памятью, а также требования к компьютерной системе по контролю услуг мобильной связи и электронных услуг";

б) пункт 1 изложить в следующей редакции:

"1. Данный Порядок устанавливает правила применения контрольно - кассовых машин с фискальной памятью (в том числе при операции с платежными картами и штрих-кодами), технические требования к контрольно-кассовым машинам с фискальной (контрольной) памятью, а также требования к компьютерной системе по контролю услуг мобильной связи и электронных услуг.";

в) пункте 2:

- абзац первый после слов "(далее - ККМ)" дополнить словами "с электронными передающими устройствами";

- абзац пятый после слов "отчётный документ" дополнить словами ", сформированный в электронной форме и (или) отпечатанный с применением";

...