Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
ҚАРОР
Дар бораи ворид намудани тағйирот ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 октябри соли 2008, № 532
Мутобиқи моддаи 28 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон" ва моддаи 51 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Ҳайати Комиссияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳуқуқи кӯдак, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 октябри соли 2008, № 532 "Дар бораи Комиссияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳуқуқи кӯдак" тасдиқ шудааст, дар таҳрири нав тасдиқ карда шавад (замима мегардад).
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
аз 8 феврали соли 2017 № 62
ш.Душанбе
Бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 8 феврали соли 2017, № 62
тасдиқ шудааст
Ҳайати Комиссияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳуқуқи кӯдак
1. Муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон - раиси Комиссия;
2. Мудири шуъбаи ҳифзи ҳуқуқи кӯдаки раёсати кафолатҳои ҳуқуқи инсони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муовини раиси Комиссия;
3. Сармутахассиси шуъбаи ҳифзи ҳуқуқи кӯдаки раёсати кафолатҳои ҳуқуқи инсони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон - котиби масъули Комиссия;
4. Сардори раёсати кафолатҳои ҳуқуқи инсони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон;
5. Сардори раёсати ҳуқуқи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон;
6. Сардори раёсати илму маърифати Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон;
7. Сардори раёсати рушди иҷтимоии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон;
8. Мудири шуъбаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон;
9. Муовини якуми директори Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон;
10. Муовини якуми директори Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон;
11. Муовини якуми вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон;
12. Муовини якуми вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон;
13. Муовини якуми вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
14. Муовини якуми вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон;
15. Муовини якуми вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
16. Муовини якуми вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
17. Муовини якуми раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;
18. Муовини якуми раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;
19. Муовини якуми раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;
20. Муовини якуми раиси Кумитаи оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон