Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
ҚАРОР
Дар бораи масъалаҳои корхонаи сохташавандаи ҷамъу васли тракторҳои "Беларус"-и Ҷамъияти саҳомии шакли пӯшидаи "Агротехсервис"
Мутобиқи моддаи 169 Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон, моддаи 345 Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистои ва моддаи 42 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Ба банди 1 қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 августи соли 2008, № 369 "Дар бораи объектҳои махсусан муҳим" зербанди 36 бо мазмуни зайл илова карда шавад:
"36) Корхонаи сохташавандаи ҷамъу васли тракторҳои "Беларус"-и Ҷамъияти саҳомии шакли пӯшидаи "Агротехсервис".".
2. Номгӯи таҷҳизоти истеҳсолию технологӣ ва маҳсулоте, ки аз тарафи Ҷамъияти саҳомии шакли пӯшидаи "Агротехсервис" барои ташаккул додани фонди оинномавӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид карда шуда, аз пардохти андоз аз арзиши иловашуда ва боҷи гумрукӣ озод карда мешаванд, тасдиқ карда шавад (замима мегардад).
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
аз 25 январи соли 2017 № 38
ш.Душанбе
Ниг. ба замима