Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
ҚАРОР
Дар бораи масъалаҳои Ҷамъияти саҳомии кушодаи "Корхонаи бойгардонии Такоб"
Мутобиқи моддаи 169 Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон, моддаи 345 Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон ва моддаи 42 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Ба банди 1 қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 августи соли 2008, № 369 "Дар бораи объектҳои махсусан муҳим" зербанди 37) бо мазмуни зайл илова карда шавад:
"37) Коргоҳи истеҳсоли флюорити Ҷамъияти саҳомии кушодаи "Корхонаи бойгардонии Такоб".".
2. Номгӯи таҷҳизоти истеҳсолию технологӣ ва маҳсулоте, ки аз тарафи Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди "Талко Флюорит" барои азнавсозии коргоҳи истеҳсоли флюорити Ҷамъияти саҳомии кушодаи "Корхонаи бойгардонии Такоб" ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид карда шуда, аз пардохти андоз аз арзиши иловашуда ва боҷи гумрукӣ озод карда мешаванд, тасдиқ карда шавад (замима мегардад).
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
аз 25 январи соли 2017 № 39
ш.Душанбе
Ниг. ба замима