Тартиби бақайдгирии давлатии рисолаҳои илмии ҳимояшуда аз 26 ноябри соли 2016 № 505

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Бе эътибор дониста шуд

Бо қарори Ҳукумати ҶТ аз 30.06.2021 № 267 аз эътибор соқит дониста шуд.

 

Замимаи 3

ба қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз "26" ноябри соли 2016, № 505

Замимаи 3

ба қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз "26" ноябри соли 2016, № 505

ТАРТИБИ БАҚАЙДГИРИИ ДАВЛАТИИ РИСОЛАҲОИ ИЛМИИ ҲИМОЯШУДА

1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ

1. Тартиби бақайдгирии давлатии рисолаҳои илмии ҳимояшуда (минбаъд - Тартиб) дар асоси моддаи 9 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи фаъолияти илмӣ ва сиёсати давлатӣ оид ба илму техника", Низомномаи Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 июни соли 2015, № 504 тасдиқ шудааст ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия шудааст.

2. Муассисаи давлатии "Маркази миллии патенту иттилоот"-и Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд - Маркази патентӣ) бақайдгирии давлатӣ, ҷамъоварӣ, баҳисобгирӣ ва нигоҳдории рисолаҳои илмии номзадӣ, докторӣ ва доктори фалсафа (PhD), доктор аз рӯйи ихтисосро, ки аз тарафи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ё берун аз он дар соҳаҳои гуногуни илм ҳимоя шудаанд, амалӣ менамояд.

3. Нусхаи рисолаҳои аз тарафи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳимояшуда (ҳамчунин, як нусха автореферат) ба Маркази патентӣ бо мақсади ташаккули захираи иттилооти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва таъсиси Фонди миллии рисолаҳои илмӣ пешниҳод карда мешаванд.

4. Маркази патентӣ мақоми ваколатдори давлатии ҷустуҷӯие мебошад, ки таъмини иттилоотии раванди таҳияи мавзӯи кори илмиро амалӣ менамояд. Унвонҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, илмӣтаҳқиқотӣ, илмӣ-истеҳсолӣ ва дигар ташкилоту муассисаҳо новобаста аз шакли тобеият (моликият) барои таҳия ва тасдиқи мавзӯи кори илмӣ, бояд ҳатман ҷиҳати асосноксозии навгонии рисола ҷустуҷӯи мавзӯӣ гузаронанд.

5. Тартиби барасмиятдарории варақаи баҳисобгирии рисоларо Маркази патентӣ муайян мекунад. Маркази патентӣ Фонди миллии рисолахои илмӣ ва инчунин, махзани маълумоти автоматикунонидашударо, ки дар онҳо маълумот оид ба рисолаҳои аз тарафи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳимояшуда нигоҳдорӣ мешаванд, ташкил менамояд. Ҳамаи ҳуҷҷатҳои бақайдгирӣ ва ҳисоботӣ тибқи Тартиби мазкур пешбинигардида ба Маркази патентӣ ба таври ройгон вогузор карда мешавад. Омодасозии варақаи баҳисобгирии рисолаи илмӣ (ВБР) аз тарафи Маркази патентӣ ба таври мутамарказамалӣ мегардад.

6. Намунаи муқарраргардидаи варақаи баҳисобгирии рисола (замимаҳои 1 ва 2) ҳуҷҷати иттилоотӣ буда, бо забони тоҷикӣ ва бо забони русӣ барои таъмини ташкили мубодилаи байнидавлатии иттилоот оид ба рисолҳои илмии ҳимояшуда пур карда мешавад.

...

Утратило силу в редакции постановления Правительства РТ от 30.06.2021г.№267

Приложения 3

к постановлению Правительства

Республики Таджикистан

от 26 ноября 2016 года, № 505

Приложения 3

к постановлению Правительства

Республики Таджикистан

от 26 ноября 2016 года, № 505

ПОРЯДОК ГОСУДАРСТВЕННОЙ РЕГИСТРАЦИИ ЗАЩИЩЕННЫХ ДИССЕРТАЦИЙ

I. ОБЩИЕ ПОЛОЖЕНИЯ

1. Настоящий порядок государственный регистрации защищенных диссертации (далее - Порядок) разработан в соответствии с статьи 9 Закона Республики Таджикистан "О научной деятельности и государственной научнотехнической политике", Положения о Высшей аттестационной комиссии при Президенте Республики Таджикистан утвержденного приказом Президента Республики Таджикистан от 27 июня 2015 года, №504 и других нормативноправовых актов Республики Таджикистан.

2. Государственное учреждение "Национальный патентно-информационный центр" Министерства развития экономики и торговли Республики Таджикистан (далее - Патентный центр) осуществляет сбор, учет и хранение диссертаций кандидатских, докторских и доктора философии (PhD), доктора по специальности по всем отраслям наук, защищенных гражданами Республики на территории Республики Таджикистан и за ее пределами.

3. Копии диссертаций (также одна копия автореферата), защищенные гражданами Республики Таджикистан, предоставляются в Патентный центр с целью формирования национального резерва информации Республики Таджикистан и создания Национального фонда диссертаций.

4. Патентный центр является уполномоченным государственным поисковым органом, который осуществляет информационное обеспечение процесса подготовки темы научной работы. Соискатели высших профессиональных, образовательных, научно-исследовательских, научно-производственных учреждений и других организаций независимо от их подчинённости (собственности) для подготовки и утверждения темы научной работы должны в обязательном порядке проводить поисковую работу на предмет обоснования новизны диссертационной темы.

5. Порядок оформления учётной карты диссертации определяет Патентный центр. Патентный центр формирует национальный фонд диссертаций, а также автоматизированную базу данных, содержащую сведения о выполненных и защищенных гражданами Республики Таджикистан диссертационных работах и об их авторах. Все предусмотренные настоящим Порядком регистрационные и отчетные документы представляются в Патентный центр безвозмездно. Изготовление учетной карточки диссертации (УКД) осуществляется Патентный центром централизованно.

6. Учетная карточка диссертации (УКД) установленного образца (Приложение 1, 2) является информационным документом и заполняется на таджикском языке, а также на русском языке для осуществления межгосударственного обмена информацией о защищенных диссертациях.

2. ПРЕДСТАВЛЕНИЕ ДИССЕРТАЦИИ В ГОСУДАРСТВЕННОЕ УЧРЕЖДЕНИЕ "НАЦИОНАЛЬНЫЙ ПАТЕНТНО-ИНФОРМАЦИОННЫЙ ЦЕНТР" МИНИСТЕРСТВО ЭКОНОМИЧЕСКОГО РАЗВИТИЯ И ТОРГОВЛИ РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН

...