Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 14 ноябри соли 2016 № 1366 "Оид ба ворид намудани тағйиру илова ба Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРУ ИЛОВА БА КОДЕКСИ ГУМРУКИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Бо қарори Маҷлиси намояндагони

Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 12 октябри соли 2016 № 545

қабул карда шуд.

Бо қарори Маҷлиси миллии

Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 8 ноябри соли 2016 № 300

ҷонибдорӣ карда шуд.

Моддаи 1. Ба Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 декабри соли 2004 қабул карда шудааст (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с.2004, №12, қ.2, мод.703, мод.704; с.2006, №3, мод.159; с.2007, №7, мод.681; с.2008, №6, мод.459, №10, мод.818; с.2011, №3, мод.160, №6, мод. 458; с.2012, №4, мод.250, №7, мод.695, мод.724, №8, мод.818, №12, қ.1, мод.1000; с.2013, №12, мод.879; с.2015, №3, мод.211; с.2016, №3, мод.151, №7, мод.625), тағйиру иловаи зерин ворид карда шаванд:

1. Аз қисми 1 моддаи 3 калимаи "(Сарқонуни)" хориҷ карда шавад.

2. Дар моддаи 462:

- банди 19) бо мазмуни зайл илова карда шавад:

"19) бо дархости мақоми ваколатдор дар соҳаи муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда ва маблағгузории терроризм мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда ва маблағгузории терроризм" маълумотро аз низоми иттилоотии худ пешниҳод менамоянд;";

- банди 19) банди 20) ҳисобида шавад.

Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон                                   Эмомалӣ Раҳмон

ш.Душанбе

14 ноябри соли 2016 № 1366