Бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз "6" октябри соли 2016 № 419тасдиқ шудааст
Бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз "6" октябри соли 2016 № 419тасдиқ шудааст
Тартиби ошкоркунӣ ва баҳисобгирии кӯдаконе, ки бе парастории падару модар мондаанд
1. Тартиби ошкоркунӣ ва баҳисобгирии кӯдаконе, ки бе парастории падару модар мондаанд (минбаъд - Тартиби мазкур), дар асоси моддаи 123 Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва моддаи 43 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдак" бо мақсади ошкоркунӣ ва баҳисобгирии кӯдакоие, ки бе парастории падару модар мондаанд, таҳия гардида, тартиби ошкоркунӣ ва баҳисобгирии кӯдакони мазкурро муқаррар мекунад.
2. Мақомоти васояту парастори кӯдаконеро, ки бе парастории падару модар мондаанд, ошкор намуда, баҳисобгирии онҳоро тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Тартиби мазкур амалӣ менамоянд.
3. Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, шахсони мутасаддии муассисаҳои таълимӣ (муассисаҳои томактабӣ, муассисаҳои таҳсилоти умумӣ), муассисаҳои табобатӣ, марказҳои солимгардонӣ, сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ дар минтақаҳо (нозирони минтакавии милитсия, хадамоти пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ байни ноболиғон ва ҷавонон, қабулгоҳ-таҳвилгоҳи ноболиғон, кабулгоҳ-тақсимкунанда барои оворагард ва гадоёни дошташуда), шӯъба ва бахшҳои кор бо занон ва оила, ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ дар шаҳру иоҳияҳо, раисони ҷамоатҳои шаҳрак ва деҳот, маҳаллаву кӯчаҳо, хешу ақрабо, ҳамсояҳо ва дигар шахсони воқеиву ҳуқуқӣ, ки оид ба кӯдакони бе парастории падару модар монда маълумот доранд, уҳдадоранд фавран ба мақомоти васояту парастории маҳалли зисти воқеии кӯдакон хабар диҳанд.
4. Мақомоти васояту парасторӣ дар муҳлати се рӯз аз лаҳзаи гирифтани чунин хабар уҳдадоранд, ки шароити зисти кӯдаконро санҷида, дар сурати муқаррар намудани ҳолати бепарастор будани кӯдакон, баҳисобгирии онҳоро амалӣ намоянд.
5. Ба ғайр аз мақомоти васояту парасторӣ ба дигар шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ барои ошкор намудан ва ҷобаҷокунии кӯдаконе, ки бе парастории падару модар мондаанд, иҷозат дода намешавад.
6. Баҳисобгирии кӯдаконе, ки бе парастории падару модар мондаанд, дар асоси ҳуҷҷатҳои зерин сурат мегирад:
- ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи шахсияти кӯдак ё ҳуҷҷатҳои дигаре, ки барои муайян намудани шахсияти кӯдак истифода мешаванд (ҳуҷҷати дорои шакли муқарраршуда оид ба таваллуд, ки аз тарафи муассисаи тиббии ҷойи таваллуд дода шудааст;
- ҳуҷҷати дорои шакли муқарраршуда оид ба таваллуд, ки аз тарафи табиб ва ё корманди миёнаи тиббии муассисаи тиббӣ, ки дар давраи таваллуд ба заи ёрии тиббӣ расонидааст ва ё модар баъд аз таваллуд ба ӯ муроҷиат намудааст ё шахсе, ки ба фаъолияти хусусии тиббӣ машғул аст, ҳангоми таваллуд берун аз муассисаи тиббӣ додааст;
- аризаи шахсе, ки ҳангоми берун аз муассисаи тиббӣ бе кумаки тиббӣ таваллуд ёфтани кӯдак бевосита иштирок намудааст;
- ҳуҷҷатҳо дар бораи ёфт шудан, синну сол ва ҷинси кӯдаки ёфтшуда (партофташуда), ки аз тарафи мақомоти корҳои дохилӣ, васояту парасторӣ ва ташкилоти тиббӣ дода шудаанд);
...