аз 1 июли соли 2025 бо қарори Ҳукумати ҶТ аз 26.12.2024 № 656 аз эътибор соқит дониста мешавад
Бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз "1" октябри соли 2016, № 418
тасдиқ шудааст
Бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз "1" октябри соли 2016, № 418
тасдиқ шудааст
СТАНДАРТИ ДАВЛАТИИ ТАҲСИЛОТИ МИЁНАИ КАСБӢ
(қарори Ҳукумати ҶТ аз 27.03.2023 № 123)
(қарори Ҳукумати ҶТ аз 27.03.2023 № 123)
1. Муқаррароти умумӣ
1. Стандарти давлатии таҳсилоти миёнаи касбӣ (минбаъд - Стандарт) сиёсати ягонаи давлатиро дар самти таҳсилоти миёнаи касбӣ муайян ва таъмин намуда, маҷмӯи талаботро ба зинаи мувофиқи таҳсилот муқаррар менамояд.
2. Стандарт дар асоси Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи маориф", "Дар бораи таҳсилоти миёнаи касбӣ" ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ таҳия гардидааст.
3. Иҷрои Стандарт дар ҳамаи муассисаҳои таълимие, ки дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият менамоянд ва тибқи тартиби муқаррагардида дорои иҷозатнома барои пешбурди фаъолияти таълимӣ дар самти таҳсилоти миёнаи касбӣ мебошанд, ҳатмист.
4. Риояи талаботи Стандарт пас аз гирифтани иҷозатнома яке аз омилҳои асосии тибқи тартиби муқарраргардида барои гирифтани шаҳодатномаи аккредитатсияи давлатӣ мебошад.
...