Қоидаҳои баҳисобгирӣ, гирифта гаштан, нигоҳ доштан, интиқол додан ва нобуд сохтани силоҳе, ки барои коллексиякунонӣ ва банамоишгузорӣ таъин шудааст аз 23 августи соли 2016 № 373

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Замимаи 1

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 23 августи соли 2016 № 373

тасдиқ шудааст

Замимаи 1

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 23 августи соли 2016 № 373

тасдиқ шудааст

Қоидаҳои баҳисобгирӣ, гирифта гаштан, нигоҳ доштан, интиқол додан ва нобуд сохтани силоҳе, ки барои коллексиякунонӣ ва банамоишгузорӣ таъин шудааст

1. Муқаррароти умумӣ

1. Қоидаҳои баҳисобгирӣ, гирифта гаштан, (нигоҳ доштан, интиқол додан ва нобуд сохтани силоҳе, ки барои коллексиякунонӣ ва банамоишгузорӣ таъин шудааст (минбаъд - Қоидаҳо) масъалаҳои баҳисобгирӣ, гирифта гаштан, нигоҳ доштан, интиқол додан ва нобуд сохтани силоҳе, ки барои коллексиякунонӣ ва банамоишгузорӣ таъин шудааст, ба танзим медарорад.

2. Силоҳ барои коллексиякунонӣ ва банамоишгузорӣ силоҳе мебошад, ки тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон барои маҳфуз доштани он ба шахсони ҳуқуқӣ ва шаҳрвандон иҷозат дода шудааст ва он барои ташкил намудани коллексиякунонӣ ва банамоишгузорӣ таъин гардидааст.

2. Баҳисобгирӣ ва гирифта гаштани силоҳи коллексионӣ ва ба намоиш гузошташаванда

3. Дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъоварӣ ва нигоҳдории силоҳ ва лавозимоти ҷангии он бо мақсади ташкил намудани банамоишгузории коллексияи криминалистӣ, таърихӣ, бадеӣ ва хусусӣ аз ҷониби шахсони ҳуқуқӣ ва шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон (ба истиснои ташкилотҳои давлатии ҳарбикунонидашуда) дар асоси иҷозатномаи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешавад.

4. Иҷозатномае, ки аз ҷониби Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои коллексиякунонӣ ва банамоишгузории силоҳ ва лавозимоти ҷангии он ба шахсони ҳуқуқӣ ва шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикисон бо мақсади коллексиякунонии таърихӣ ва бадеӣ дода мешавад, бо Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқа мегардад.

5. Шахсони ҳуқуқӣ ва шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон силоҳеро коллексия карда метавонанд, ки шумораи он аз чор адад бештар бошад.

6. Ба шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон танҳо он силоҳи ғайринизомӣ ва лавозимоти ҷангии он барои коллексиякунонӣ ва банамоишгузорӣ иҷозат дода мешавад, ки намуди гардиши он дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ карда нашудааст.

...

Приложение 1

Утвержден

постановлением Правительства

Республики Таджикистан

от 23 августа 2016 года, № 373

Приложение 1

Утвержден

постановлением Правительства

Республики Таджикистан

от 23 августа 2016 года, № 373

Правила учета, ношения, хранения, транспортирования и уничтожения оружия, предназначенного для коллекционирования и экспонирования

1. Общие положения

1. Правила учета, ношения, хранения, транспортирования и уничтожения оружия, предназначенного для коллекционирования и экспонирования (далее - Правила) регулирует вопросы учета, ношения, хранения, транспортировки и уничтожения оружия, предназначенного для коллекционирования и экспонирования.

2. Оружием для коллекционирования и экспонирования является оружие, которое в соответствии с законодательством Республики Таджикистан юридическим лицам и гражданам разрешено его хранение и оно предназначено для организации коллекционирования и экспонирования.

2. Учет и ношения коллекционного и экспонированного оружия

3. На территории Республики Таджикистан оружие и его боеприпасы собираются и хранятся юридическими лицами и гражданами Республики Таджикистан в целях создания криминальной, исторической, художественной и собственной коллекции (за исключением государственных военизированных организаций) на основании разрешения Министерства внутренних дел.

4. Разрешение, выдаваемое Министерством внутренних дел Республики Таджикистан для коллекционирования и экспонирования оружия и боеприпасов юридическим лицам и гражданам Республики Таджикистан, в целях исторического и художественного коллекционирования, согласовывается с Министерством культуры Республики Таджикистан.

5. Юридические лица и граждане Республики Таджикистан могут коллекционировать оружие, если его количество превышает четыре единиц.

6. Гражданам Республики Таджикистан допускается коллекционировать и экспонировать только те виды оружия и боеприпасов к нему гражданского типа, которые не запрещены в обороте на территории Республики Таджикистан.

...