Бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз "23" августи соли 2016, № 372
тасдиқ шудааст
Бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз "23" августи соли 2016, № 372
тасдиқ шудааст
Тартиби фаъолияти маҳфуздорандаи марказӣ
1. Муқаррароти умумӣ
1. Тартиби мазкур хусусиятҳои вазъи ҳуқуқӣ ва фаъолияти маҳфуздорандаи марказӣ (минбаъд - маҳфуздоранда), тартиби ба он додани мақоми маҳфуздорандаи марказӣ, инчунин хусусиятҳои назорати фаъолияти маҳфуздорро муқаррар менамояд.
2. Дар Тартиби мазкур мафҳумҳои асосии зерин истифода шудаанд:
- маҳфуздоранда - иштирокчии касбии бозори коғазҳои қиматнок мебошад, ки таъсис ва фаъолияти онро Тартиби мазкур муқаррар менамояд;
- депонент - шахсе, ки аз хизматрасониҳои маҳфуздоранда оид ба нигоҳдории коғазҳои қиматнок, сертификатҳои коғазҳои қиматнок ва (ё) баҳисобгирии ҳуқуқ ба коғазҳои қиматнок истифода мебарад.
Мафҳуми "депонент" инчунин барои қайд намудани эмитент ё ташкилоти клирингӣ, ки ба онҳо ҳисоби депо ё ҳисоби намуди дахлдор кушода шудааст, истифода мешавад, агар зарурати қайд намудани хусусияти хизматрасонии ба шахсони зерин набошад;
шартнома - шартномаи ҳисоби депо (шартномаи маҳфуздорӣ), ки маҳфуздоранда бо депонент бастааст ва муносибатҳои онҳоро дар ҷараёни фаъолияти маҳфуздорӣ танзим менамояд;
ҳисоби депо - маҷмӯи сабтҳо дар маҳфуздоранда, ки барои баҳисобгирии коғазҳои қиматнок муқаррар шудаанд;
мақоми ваколатдори давлатӣ оид ба танзими бозори коғазҳои қиматнок - мақоми давлатие, ки танзим ва назорати бозори коғазҳои қиматнокро амалӣ менамояд.
...