Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23 августи соли 2016 № 355 "Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 марти соли 2013, №89"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ҚАРОР

Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 марти соли 2013, № 89

Мутобиқи моддаи 42 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

Ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 марти соли 2013, № 89 (бо тағйирот аз 13 марти соли 2014, № 185) "Дар бораи масъалаҳои тартиби гузаронидани озмунҳо барои ҳуқуқи истифодаи қаъри замин" тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:

1. Ба Замимаи 1 "Тартиби гузаронидани озмунҳо барои ҳуқуқи истифодаи қаъри замин", ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 марти соли 2013, № 89 (бо тағйирот аз 13 марти соли 2014, № 185) тасдиқ шудааст, тағйироти зерин ворид карда шавад:

- дар номи Тартиб калимаи "баргузории" ба калимаи "гузаронидани" иваз карда шавад;

- дар сархати чоруми банди 6 калимаи "пардохт" ба калимаи "хироҷ" иваз карда шавад;

- дар банди 7 калимаи "хабарнома" ба калимаи "эълон" иваз карда шавад;

- дар банди 9 калимаи "Котиботи" ба калимаи "Котиби" иваз карда шавад;

- дар сархати якуми банди 18 ва сархатҳои дуюм ва сеюми банди 26 калимаи "ҳаҷми" ба калимаи "андозаи" иваз карда шавад;

- банди 19 дар таҳрири зайл ифода карда шавад:

"19. Агар дар ҳуҷҷатҳои озмунӣ тартиби дигаре муқаррар нашуда бошад, муҳлати баррасӣ ва таҳлили ҳуҷҷатҳои озмунӣ ва пешкаш намудани пешниҳодҳои озмунии иштирокчии Озмун наметавонад аз 90 рӯзи тақвимӣ аз рӯзи баохиррасии санаи пешниҳоди дархостҳо зиёд бошад.";

- дар банди 22 калимаҳои "забонҳои давлатӣ, русӣ ва/ё англисӣ" ва "забони русӣ ва/ё англисӣ" ба калимаҳои "забони давлатӣ, инчунин забонҳои русӣ ё англисӣ" иваз карда шаванд;

- ҷумлаи якуми банди 24 дар таҳрири зайл ифода карда шавад:

...

Правительство Республики Таджикистан

ПОСТАНОВЛЕНИЕ

О внесении изменений и дополнений в постановление Правительства Республики Таджикистан ох 2 марта 2013 года, №89

В соответствии со статьей 42 Закона Республики Таджикистан "О нормативных правовых актах" Правительство Республики Таджикистан постановляет:

Внести в постановление Правительства Республики Таджикистан от 2 марта 2013 года, №89 "О вопросах порядка проведения конкурсов на право пользования недрами" (с изменениями от 13 марта 2014 года, №185), следующие изменения и дополнения:

1. Внести в Приложение 1 "Порядок проведения конкурсов на право пользования недрами", утвержденный постановлением Правительства Республики Таджикистан от 2 марта 2013 года, №89 (с изменениями от 13 марта 2014 года, №185), следующие изменения:

- в пункте 7 слово "извещение" заменить словом "объявление";

- в пункте 9 слово "Секретариатом" заменить словом "Секретарем";

- в пункте 22 слова "государственном, русском или английском" и "русском и/или английском" заменить словами "государственном, а также русском или английским";

- из пункта 24 и 25 слова "Ответственный" исключить.

2. Внести в Приложение 2 "Состав Правительственной комиссии по проведению конкурсов на право пользования недрами", утвержденный постановлением Правительства Республики Таджикистан от 2 марта 2013 года, № 89 (с изменениями от 13 марта 2014 года, №185), после слов "Члены комиссии:" следующие изменения:

- дополнить первый абзац следующего содержания:

"- первый заместитель Руководителя Исполнительного аппарата Президента Республики Таджикистан;";

- в четырнадцатом абзаце знак точку "." заменить знаком точка с запятой ";" и дополнить пятнадцатым абзацем следующего содержания:

"- заместитель Начальника Управления стратегического планирования и реформ Исполнительного аппарата Президента Республики Таджикистан - секретарь Правительственной комиссии.".

...