ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ДАР БОРАИ ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРОТ БА КОДЕКСИ ҲУҚУҚВАЙРОНКУНИИ МАЪМУРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Бо қарори Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 22 июни соли 2016 № 497
қабул карда шуд.
Бо қарори Маҷлиси миллии
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 15 июли соли 2016 № 262
ҷонибдорӣ карда шуд.
Моддаи 1. Ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 декабри соли 2008 қабул шудааст (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2008, №12, қ. 1, мод. 989, мод. 990; с. 2009, №5, мод. 321, №9-10, мод. 543; с. 2010, №1, мод. 2, мод. 5, №3, мод. 153, №7, мод. 547, №12, қ. 1, мод. 812; с. 2011, №6, мод. 430, мод. 431, №7-8, мод. 610, №12, мод. 838; с. 2012, №4, мод. 256, №7, мод. 685, мод. 693, №8, мод. 814, №12, қ. 1, мод. 1004; с. 2013, №3, мод. 181, №7, мод. 508; с. 2014, №3, мод. 143, мод. 144, №7, қ. 1, мод. 389, мод. 390; с. 2015, №3, мод. 201, №7-9, мод. 707, мод. 708, №11, мод. 955, №12, қ. 1, мод. 1108; с. 2016, №3, мод. 130, мод. 131, мод. 132; Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 14 майи соли 2016, №1308; Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 14 майи соли 2016, №1310), тағйироти зерин ворид карда шаванд:
1. Моддаи 313 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
"Моддаи 313. Идора намудани воситаи нақлиёт бо рақами қайди давлатии бегона ё рақами қалбакӣ, инчунин барои идора ба шахси дигар додани чунин воситаи нақлиёт
Барои идора намудани воситаи нақлиёт бо рақами қайди давлатии бегона ё рақами қалбакӣ, инчунин барои идора ба шахси дигар додани чунин воситаи нақлиёт,
ба андозаи аз даҳ то понздаҳ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима ё маҳрум кардан аз ҳуқуқи идора намудани воситаи нақлиёт ба муҳлати аз шаш моҳ то як сол таъин карда мешавад.".
2. Қисми 2 моддаи 337 хориҷ карда шавад.
Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш.Душанбе
23 июли соли 2016 № 1336