ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ДАР БОРАИ ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БА КОДЕКСИ ҲУҚУҚВАЙРОНКУНИИ МАЪМУРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Бо қарори Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 13 майи соли 2016 № 445
қабул карда шуд.
Бо қарори Маҷлиси миллии
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 15 июли соли 2016 № 261
ҷонибдорӣ карда шуд.
Моддаи 1. Ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 декабри соли 2008 қабул гардидааст (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2008, №12, қ. 1, мод. 989, мод. 990; с. 2009, №5, мод. 321, №9-10, мод. 543; с. 2010, №1, мод. 2, мод. 5, №3, мод. 153, №7, мод. 547, №12, қ. 1, мод. 812; с. 2011, №6, мод. 430, мод. 431, №7-8, мод. 610, №12, мод. 838; с. 2012, №4, мод. 256, №7, мод. 685, мод. 693, №8, мод. 814, №12, қ. 1, мод. 1004; с. 2013, №3, мод. 181, №7, мод. 508; с. 2014, №3, мод. 143, мод. 144, №7, қ. 1, мод. 389, мод. 390; с. 2015, №3, мод. 201, №7-9, мод. 707, мод. 708, №11, мод. 955, №12, қ. 1, мод. 1108; Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 марти соли 2016, №1277; Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 марти соли 2016, №1278; Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 марти соли 2016, №1279), тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:
1. Диспозитсияи моддаи 87 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
"Барои ғайриқонунӣ рад намудани баррасии муроҷиатҳо, бидуни сабабҳои узрнок риоя накардани тартибу муҳлати баррасии онҳо, қабул кардани қарори беасос, ки боиси вайронкунии ҳуқуқу манфиатҳои қонунии шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ гардидааст, ҳангоми набудани аломатҳои ҷиноят,-".
2. Дар ном ва диспозитсияи моддаи 92 калимаҳои "ноболиғоне" ва "ноболиғон" мувофиқан ба калимаҳои "кӯдаконе" ва "кӯдакон" иваз карда шаванд.
3. Ном ва диспозитсияи моддаи 93 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
"Моддаи 93. Кирдорҳои ғайриқонунӣ ҳангоми фарзандхондӣ, таҳти васоят (парасторӣ) ё ба оилаи (мураббии) парастор супоридани кӯдак
Барои содир намудани кирдорҳои ғайриқонунӣ ҳангоми фарзандхондӣ, таҳти васоят (парасторӣ) ё ба оилаи (мураббии) парастор супоридани кӯдак,-".
4. Дар ном ва диспозитсияи моддаи 531 калимаи "хусусии" ба калимаҳои "хусусӣ ва пешниҳоди" иваз карда шуда, пас аз калимаҳои "таъйинот (қарор)-и хусусӣ" калимаҳои "ва пешниҳод" илова карда шаванд.
5. Ба номи моддаи 536 пас аз калимаи "Рекламаи" калимаи "ошкоро" илова карда шавад.
6. Дар диспозитсияи қисми 1 моддаи 540 калимаи "истифодаи" ба калимаҳои "реклама истифода кардани" иваз карда шавад.
Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш.Душанбе
23 июли соли 2016 № 1335