Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23 июли соли 2016 № 1333 "Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ДАР БОРАИ ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БА КОДЕКСИ МУРОФИАВИИ ҶИНОЯТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Бо қарори Маҷлиси намояндагони

Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 22 июни соли 2016 № 493

қабул карда шуд.

Бо қарори Маҷлиси миллии

Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 15 июли соли 2016 № 259

ҷонибдорӣ карда шуд.

Моддаи 1. Ба Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 декабри соли 2009 қабул шудааст (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2009, №12, мод.815, мод.816; с. 2010, №7, мод. 551; с. 2011, №3, мод. 159, №7-8, мод. 609; с. 2012, №4, мод. 259, №7, мод. 714, №8, мод. 815, №12, қ.1, мод. 1020, мод. 1025; с. 2013, №7, мод. 510, мод. 511; с. 2014, №3, мод. 142, №11, мод. 643; с. 2015, №11, мод. 950; с. 2016, №3, мод.128; Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 14 майи соли 2016, №1306), тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:

1. Дар сархати бисту якуми моддаи 6 калимаҳои "ва намояндаи қонунии ӯ" ба калимаҳои ", намояндаи қонунӣ ва намояндаи ӯ" иваз карда шаванд.

2. Ба сархати якуми қисми 1 моддаи 29 пас аз калимаҳои "начандон вазнин" калимаҳои "ё дараҷаи миёна" илова карда шаванд.

3. Дар қисми 4 моддаи 36 калимаи "бекор кардани" ба калимаҳои "бекор кардан ва тағйир додани" иваз карда шавад.

4. Ба сархати ҳафтуми қисми 2 моддаи 42 пас аз калимаҳои "ё дархости" калимаҳои "намояндаи қонунӣ ва" илова карда шаванд.

5. Дар қисми 1 моддаи 47 калимаҳои "сифати айбдоршаванда ҷалб кардан" ба калимаҳои "ҷавобгарӣ кашидан ба сифати айбдоршаванда" иваз карда шаванд.

6. Ба моддаи 50 қисми 8 бо мазмуни зерин илова карда шавад:

"8. Агар гумонбаршаванда ё айбдоршаванда аз ҳуқуқи гирифтани ҳимоятгар истифода накунад, прокурор ё муфаттиш ба ӯ ҳимоятгар таъин менамояд.";

- қисмҳои 8, 9, 10 ва 11 мувофиқан қисмҳои 9, 10, 11 ва 12 ҳисобида шаванд.

7. Ба қисми 1 моддаи 51 сархатҳои панҷум ва шашум бо мазмуни зерин илова карда шаванд:

"- судшавандаи таҳти ҳабс қарордошта аз ҳозир шудан ба маҷлиси судӣ саркашӣ намояд;

- айбдоршаванда берун аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дошта, аз ҳозир шудан ба тафтишот саркашӣ кунад;".

8. Ба қисми 4 моддаи 104 ҷумлаи дуюм бо мазмуни зерин илова карда шавад:

"Бекор кардан ва тағйир додани чораҳои пешгирӣ дар намуди ҳабси хонагӣ ва ба ҳабс гирифтан дар давраи тосудии парвандаи ҷиноятӣ аз тарафи муфаттиш ё таҳқиқбаранда бо розигии прокурор амалӣ карда мешавад.".

9. Дар қисмҳои 1 ва 2 моддаи 225 калимаи "қонун" ба калимаҳои "Кодекси мазкур" иваз карда шавад.

10. Ба моддаи 239 қисми 5 бо мазмуни зерин илова карда шавад:

"5. Дар ҳолатҳои истисноӣ аз рӯи парванда оид ба ҷиноятҳои вазнин ва махсусан вазнин, ки айбдоршаванда берун аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дошта, аз ҳозир шудан ба тафтишот саркашӣ мекунад, муфаттиш оид ба анҷоми тафтиши пешакӣ ва ҳуқуқи шинос шудан бо маводи парванда ва пешниҳоди дархост оид ба пурра кардани тафтиши пешакӣ ҳимоятгарро огоҳ менамояд.".

11. Дар моддаи 241:

- ба қисми 1 ҷумлаи чорум бо мазмуни зерин илова карда шавад:

"Дар ҳолатҳои пешбининамудаи қисми 5 моддаи 239 Кодекси мазкур маводи парванда барои шинос шудан ба ҳимоятгар пешниҳод карда мешавад.";

- дар қисми 3 калимаҳои "муфаттиш ҳуқуқ дорад" ва "намояд" мувофиқан ба калимаҳои "муфаттиш ва прокурор ҳуқуқ доранд" ва "намоянд" иваз карда шуда, ҷумлаи сеюм бо мазмуни зерин илова карда шавад:

"Дар сурати бе сабабҳои узрнок дар мӯҳлати муқарраршуда ба охир нарасонидани шиносшавӣ бо маводи парвандаи ҷиноятӣ бо қарори муфаттиш ё прокурор шиносшавӣ бо маводи парвандаи ҷиноятӣ анҷомёфта ҳисобида мешавад.".

12. Ба қисми 1 моддаи 248 сархати шашум бо мазмуни зерин илова карда шавад:

"- дар ҳолатҳои истисноӣ аз рӯи парванда оид ба ҷиноятҳои вазнин ва махсусан вазнин, ки айбдоршаванда берун аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дошта, аз ҳозир шудан ба тафтишот саркашӣ мекунад, фикри айбдоркуниро тасдиқ карда, парвандаро ба суд бо дархост оид ба гузаронидани мурофиаи судӣ дар ғоибии судшаванда ирсол намояд;".

13. Дар қисми 1 моддаи 250 пас аз калимаҳои "ба айбдоршаванда" калимаҳои "ва дар ҳолатҳои бо сархати шашуми қисми 1 моддаи 248 Кодекси мазкур пешбининамуда, ба ҳимоятгар" илова карда шаванд.

14. Дар моддаи 280:

- қисми 4 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:

"4. Дар ҳолатҳои истисноӣ суд метавонад парвандаро оид ба ҷиноятҳои вазнин ва махсусан вазнин бе иштироки судшавандае, ки берун аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дошта, аз ҳозиршавӣ ба муҳокимаи судӣ саркашӣ мекунад, баррасӣ намояд, агар ин шахс дар ҳудуди давлати хориҷӣ бо ҳамин ҷиноят ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида нашуда бошад.";

- қисми 5 бо мазмуни зерин илова карда шавад:

"5. Дар сурати аз байн рафтани ҳолатҳои истисноии дар қисми 4 ҳамин модда пешбинишуда ҳукм ё таъиноти судие, ки ғоибона қабул карда шудааст, бо дархости маҳкумшуда ё ҳимоятгари ӯ тибқи талаботи боби 42 Кодекси мазкур бекор карда мешавад. Муҳокимаи судӣ дар ин сурат бо тартиби умумӣ гузаронида мешавад.".

15. Ба матни моддаи 300 пас аз калимаҳои "ба судшаванда" калимаҳои "ва дар ҳолатҳои дар қисми 4 моддаи 280 Кодекси мазкур бошад, ба ҳимоятгар" илова карда шаванд.

Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон                    Эмомалӣ Раҳмон

ш.Душанбе

23 июли соли 2016 № 1333