Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23 июли соли 2016 № 1332 "Дар бораи ворид намудани тағйирот ба Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ДАР БОРАИ ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРОТ БА КОДЕКСИ МУРОФИАВИИ ҶИНОЯТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Бо қарори Маҷлиси намояндагони

Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 13 майи соли 2016 № 439

қабул карда шуд.

Бо қарори Маҷлиси миллии

Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 15 июли соли 2016 № 258

ҷонибдорӣ карда шуд.

Моддаи 1. Ба Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 декабри соли 2009 қабул шудааст (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2009, №12, мод. 815, мод. 816; с. 2010, №7, мод. 551; с. 2011, №3, мод. 159, №7-8, мод. 609; с. 2012, №4, мод. 259, №7, мод. 714, №8, мод. 815, №12, қ. 1, мод. 1020, мод. 1025; с. 2013, №7, мод. 510, мод. 511; с. 2014, №3, мод. 142, №11, мод. 643; с. 2015, №11, мод. 950; Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 марти соли 2016, №1275), тағйироти зерин ворид карда шаванд:

1. Дар қисми 3 моддаи 24 калимаҳои "шуда, дар ҳолати оштӣ шудани ӯ бо айбдоршаванда қатъ карда намешавад, ба истиснои ҳолатҳои пешбининамудаи моддаи 30 Кодекси мазкур." ба калима ва ҷумлаи "мешавад. Дар сурати оштӣ шудани шахси аз ҷиноят ҷабрдида бо айбдоршаванда ва барқарор намудани товони зарари ба ҷабрдида расонидашуда, пешбурди парванда қатъ карда мешавад." иваз карда шаванд.

2. Дар сархати дуюми қисми 1 моддаи 217 калимаи "маълумот" ба калимаи "таҳсилот" иваз карда шавад.

3. Қисми 2 моддаи 228 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:

"2. Дар протоколи пурсиши якум маълумот дар бораи шахсияти айбдоршаванда, аз ҷумла насаб, ном, номи падар, рӯз, моҳ, сол ва маҳалли таваллуд, шаҳрвандӣ, миллат, таҳсилот, вазъи оилавӣ, ҷои кор, машғулият ё вазифа, маҳалли истиқомат, қаблан суд шудан, инчунин маълумотҳои дигар, ки барои ҳолатҳои парванда муҳиманд, зикр карда мешаванд.".

4. Дар моддаи 396 калимаи "бемориҳои" ба калимаи "бемории" иваз карда шавад.

Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон                    Эмомалӣ Раҳмон

ш.Душанбе

23 июли соли 2016 № 1332