Бо Фармони Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз "3" июни соли 2016, № 694
тасдиқ шудааст
Бо Фармони Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз "3" июни соли 2016, № 694
тасдиқ шудааст
Низомнома дар бораи тартиби дар Ҷумҳурии Тоҷикистон татбиқ гардидани Протокол оид ба механизми расонидани кӯмаки ҳарбӣ-техникӣ ба давлатҳои аъзои Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ дар ҳолати ба вуҷуд омадани таҳдиди таҷовуз ё содир шудани таҷовузкорӣ
1. Низомномаи мазкур тартиби дар Ҷумҳурии Тоҷикистон татбиқ намудани Протокол оид ба механизми расонидани кӯмаки ҳарбӣ-техникиро ба давлатҳои аъзои Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ дар ҳолати ба вуҷуд омадани таҳдиди таҷовуз ё содир шудани таҷовузкорӣ (минбаъд - Протокол) муқаррар менамояд.
2. Қарор оид ба расонидани кӯмаки ҳарбӣ-техникӣ ба давлатҳои аъзои Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ (минбаъд - Созмон) танҳо аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавридҳои зайл қабул карда мешавад:
а) ҳангоми сар задани ҳолатҳое, ки аз ҷониби Шӯрои амнияти дастаҷамъии Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ ҳамчун таҳдиди содир шудани таҷовуз барои яке аз давлатҳои аъзои Созмон арзёбӣ мегардад;
б) дар ҳолатҳои фавқулодда - ҳангоми муроҷиати сарвари давлати аъзои Созмон ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо хоҳиши расонидани кӯмаки ҳарбӣ-техникӣ;
в) дар ҳолати сари вақт муайян намудани тайёрӣ ба таҷовуз, банақшагирии амалиёти бузургҳаҷми терроризми байналмилалӣ ва имконияти ба вуҷуд омадани дигар таҳдидҳои беруна ба амният, истиқлолият ва тамомияти арзии як ё якчанд Тарафҳо;
г) дар ҳолати содир шудани таҷовуз, амалиёти бузургҳаҷми терроризми байналмилалӣ ва имконияти ба вуҷуд омадани дигар таҳдидҳои беруна ба амният, истиқлолият ва тамомияти арзии як ё якчанд Тарафҳо.
3. Амалӣ намудани қарор оид ба расонидани кӯмаки ҳарбӣтехникӣ ба давлати аъзои Созмон тибқи конунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ монда мешавад.
4. Оид ба ворид гардидани муроҷиати сарвари давлати аъзои Созмон доир ба расонидани кӯмаки ҳарбӣ-техникӣ (минбаъд-муроҷиат) фавран ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар дода мешавад.
5. Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи дастури дахлдори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷо бо Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии таъминоти амволи махсуси назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии захираҳои моддии давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар ҳолати зарурӣ бо иштироки вазорату идораҳои манфиатдор, инчунин ширкату корхонахои мудофиавии истеҳсолкунандаи маҳсулоти таъиноти ҳарбӣ муроҷиати воридгардидаро бо мақсади муайян намудани имконияти расонидани кӯмаки ҳарбӣ-техникӣ, муқаррар намудани номгӯи маҳсулоти таъиноти ҳарбӣ. ҳаҷм, шароит ва мӯҳлати таҳвили он, баррасӣ намуда, бо тартиби муқарраргардида ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои расонидани кӯмаки ҳарбӣ-техникӣ пениҳод манзур менамояд. Мӯҳлати баррасии муроҷиат ва таҳияи пешниҳодот ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон набояд аз панҷ рӯз аз рӯзи ворид гардидан зиёд бошад.
...