ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ДАР БОРАИ ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БА КОДЕКСИ МУРОФИАВИИ ГРАЖДАНИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Бо қарори Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 30 марти соли 2016, № 389
қабул гардидааст.
Бо қарори Маҷлиси миллии
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 5 майи соли 2016, № 222
ҷонибдорӣ гардидааст.
Моддаи 1. Ба Кодекси мурофиавии граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5 январи соли 2008 қабул шудааст (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2008, №1, қ. 1, мод. 6, мод. 7; с. 2010, №1, мод. 6; с. 20.12, №7, мод. 721; с. 2014, №7, қ. 1, мод. 388, №12, мод. 821; с. 2015, №11, мод. 953), тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:
1. Аз қисми 4 моддаи 74 калимаҳои "аслӣ будани он рад карда нашавад ва" хориҷ карда шуда, калимаҳои "ба расмият дароварда" ба калимаҳои "тасдиқ (легализатсия) карда ё ба он апостил гузошта" иваз карда шаванд.
2. Ба қисми 1 моддаи 215 сархати шашум бо мазмуни зерин илова карда шавад:
"- оид ба бистарикунонии маҷбурии шахси гирифтори бемории сил ва таъини ташхиси ҳатмӣ барои ошкор кардани бемории сил дар муассисаҳои махсуси тиббии зидди бемории сил;".
3. Ба қисми 1 моддаи 267 сархати нуҳум бо мазмуни зерин илова карда шавад:

4. Боби 35(1) бо мазмуни зерин илова карда шавад:
"БОБИ 35(1). БИСТАРИКУНОНИИ МАҶБУРИИ ШАХС ДАР МУАССИСАҲОИ МАХСУСИ ТИББИИ ЗИДДИ БЕМОРИИ СИЛ, ТАЪИНИ ТАШХИСИ ҲАТМӢ БАРОИ ОШКОР КАРДАНИ БЕМОРИИ СИЛ ВА ТАБОБАТИ ОН
Моддаи 311(1). Пешниҳоди ариза дар бораи бистарикунонии маҷбурии шахс дар муассисаҳои махсуси тиббии зидди бемории сил
1. Ариза оид ба бистарикунонии маҷбурии шахси гирифтори шакли гузарандаи (батсиллярӣ) бемории сил, мунтазам вайронкунандаи низоми санитарию эпидемиологӣ, ки таҳти мушоҳидаи диспансерӣ қарор дорад, аз ҷониби роҳбари муассисаи махсуси тиббии зидди бемории сил ё аъзои оилаи бемор ба суди ҷойи истиқомати бемор ё маҳалли ҷойгиршавии муассисаи махсуси тиббии зидди бемории сил пешниҳод карда мешавад.
2. Ба ариза оид ба бистарикунонии маҷбурӣ хулосаи асосноки комиссияи тиббии духтурон, ки роҳбари муассисаи махсуси тиббии зидди бемории сил таъин кардааст, дар бораи зарурати ба низоми статсионарӣ ҷойгир кардани шахси ғирифтори бемории сил замима карда мешавад.
3. Маҷлиси судӣ дар бинои суд ё муассисаи махсуси тиббии зидди бемории сили низоми статсионарӣ баргузор мегардад. Дар ҳолати мавҷуд будани маълумоти муассисаи махсуси тиббии зидди бемории сил, ки тибқи он ҳузури шахси бемор дар толори суд бинобар хавфи сироят ёфтани атрофиён ғайриимкон мебошад, парванда дар муассисаи махсуси тиббии зидди бемории сили низоми статсионарӣ баррасӣ карда мешавад.
4. Шахси бемор ҳуқуқ дорад дар баррасии ариза оид ба бистарикунонии маҷбурӣ шахсан иштирок намояд. Суд метавонад парвандаро оид ба бистарикунонии шахси гирифтори бемории сил дар ғоибиаш баррасӣ намояд, агар иштироки ӯ дар маҷлиси судӣ вобаста ба вазъи саломатиаш ғайриимкон бошад.
5. Ариза оид ба бистарикунонии маҷбурӣ аз ҷониби суд дар мӯҳлати панҷ рӯз аз рӯзи оғози парванда бо иштироки прокурор, намояндаи муассисаи махсуси тиббии зидди бемории сил ё аъзои оилаи бемор, ки ба суд бо ариза ҷиҳати бистарикунонии маҷбурии шахси бемор муроҷиат кардааст ва шахсе, ки нисбати ӯ масъалаи бистарикунонии маҷбурӣ ҳал карда мешавад ё намояндаи ӯ баррасӣ мегардад.
Моддаи 311(2). Ҳалнома вобаста ба ариза дар бораи бистарикунонии маҷбурии шахс дар муассисаҳои махсуси тиббии зидди бемории сил
1. Аризаро оид ба бистарикунонии маҷбурии шахс дар муассисаҳои махсуси тиббии зидди бемории сил моҳиятан баррасӣ намуда, суд ҳалнома мебарорад, ки мутобиқи он ариза қонеъ гардонида ё рад карда мешавад.
2. Ҳалнома оид ба қонеъгардонии ариза барои бистарикунонии маҷбурии шахс дар муассисаҳои махсуси тиббии зидди бемории сил асос мебошад.
Моддаи 311(3). Таъини ташхиси ҳатмӣ барои ошкор кардан ва табобати бемории сил
1. Аризаи роҳбари муассисаи тиббӣ ё аъзои оилаи бемор оид ба таъини ташхиси ҳатхмӣ барои ошкор кардани бемории сил ва табобати бемор ба суди маҳалли истиқомати шахсе, ки аз ташхис қасдан саркашӣ менамояд, пешниҳод карда мешавад.
2. Ба ариза хулосаи асосноки тиббӣ дар бораи зарурати гузаронидани ташхиси ҳатмӣ барои ошкор кардани бемории сил ва ҳуҷҷатҳои дигар замима карда мешаванд.
3. Ариза аз ҷониби суд дар мӯҳлати се рӯз бо иштироки прокурор, намояндаи муассисаи тиббӣ ё аъзои оилаи бемор, ки ба суд бо ариза ҷиҳати таъини ташхиси ҳатмӣ барои ошкор кардани бемории сил ва табобати он муроҷиат кардааст, шахсе, ки нисбати ӯ масъалаи таъини ташхиси ҳатмӣ ҳал карда мешавад ё намояндаи ӯ баррасӣ мегардад.
4. Суд аризаро дар бораи таъини ташхиси ҳатмӣ барои ошкор кардан ва табобати бемории сил моҳиятан баррасӣ намуда, дар хусуси қонеъ гардонидан ё рад намудани он ҳалнома қабул мекунад.".
5. Дар моддаи 397:
- ба қисми 1 пас аз калимаи "мавҷудияти" калимаҳои "апостил ё" илова карда шаванд;
- дар қисми 2 калимаҳои "ба таври дахлдор" ба калимаҳои "ба тариқи нотариалӣ" иваз карда шаванд.
Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш.Душанбе
14 майи соли 2016 № 1309