Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 апрели соли 2016 № 206 "Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 ноябри соли 2013, № 499"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ҚАРОР

Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 ноябри соли 2013, № 499

Мутобиқи моддаи 42 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

Ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 ноябри соли 2013, № 499 "Дар бораи пардохтҳои ғайриандозӣ ба даромади буҷети давлатӣ аз ҳисоби фоидаи софи корхонаҳои давлатӣ ва ҷамъиятҳои саҳомие, ки бастаи саҳмияҳои онҳо пурра ба давлат тааллуқ дорад" тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:

- дар ном, банди 4 ва дар номи замимаи 2 қарори мазкур калимаҳои "бастаи саҳмияҳои онҳо пурра" ва дар банди 3 қарори мазкур калимаҳои "саҳмияҳои онҳо пурра" ба калимаҳо ва рақами "зиёда аз 50 фоизи саҳмияҳои онҳо" иваз карда шаванд;

- дар сархатҳои якум ва дуюми банди 1 пас аз калимаҳои "фоидаи софи" калимаҳои "тибқи баҳисобгирии андози муайяннамудаи" илова карда шаванд;

- банди 3 бо мазмуни зайл илова карда шавад:

"3. Мақомоти марказии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар мавриди иштирок дар маҷлисҳои умумии саҳмдорони ҷамъиятҳои саҳомие, ки ҳиссаи давлат дар сармояи оинномавии онҳо зиёда аз 50 фоизро ташкил медиҳад, оид ба муайян намудани андозаи суди саҳмияҳо дар ҳаҷми 10 фоиз ба даромади буҷети давлатӣ, аз фоидаи софи ҷамъиятҳои саҳомии мазкур, ки тибқи баҳисобгирии андозӣ ҳисоб карда мешавад, пешниҳод менамоянд ва барои қабули ин пешниҳод овоз медиҳанд.";

- дар бандҳои 5 ва 6 рақам ва калимаи "100 фоизро" ба калимаҳо ва рақами "зиёда аз 50 фоизро" иваз карда шаванд;

- бандҳои 3, 4, 5 ва 6 мутаносибан бандҳои 4, 5, 6 ва 7 ҳисобида шаванд.

Раиси

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон                           Эмомалӣ Раҳмон

аз 30 апрели соли 2016 № 206

ш.Душанбе

 

Правительство Республики Таджикистан

ПОСТАНОВЛЕНИЕ

О внесении изменений и дополнений в постановление Правительства Республики Таджикистан от 2 ноября 2013 года, № 499

В соответствии со статьей 42 Закона Республики Таджикистан "О нормативных правовых актах" Правительство Республики Таджикистан постановляет:

Внести в постановление Правительства Республики Таджикистан от 2 ноября 2013 года, №499 "О неналоговых платежах в доход государственного бюджета за счет чистой прибыли государственных предприятий и акционерных обществ, пакет акций которых полностью принадлежит государству" следующие изменения и дополнения:

- в названии и в названии приложения 2 указанного постановления слова "пакет акций которых полностью" и в пункте 3 указанного постановления слова "акции которых полностью" заменить словами и цифрой "более 50 процентов акций которых";

- в пункте 4 слова "пакет акций которых принадлежит полностью" заменить словами и цифрой "более 50 процентов акций которых принадлежит";

- первый и второй абзацы пункта 1 после слов "чистой прибыли" дополнить словами ", определяемой согласно налогового учёта,";

 - дополнить пунктом 3 следующего содержания:

"3. Центральные органы государственной власти и местные исполнительные органы государственной власти при участии в общих собраниях акционеров акционерных обществ, в уставном капитале которых доля государства составляет более 50 процентов, вносят предложение об определении размера дивидендов по акциям в размере 10 процентов от чистой прибыли данных акционерных обществ в доход государственного бюджета, исчисляемой согласно налогового учета, и голосуют за принятие данного предложения";

- в пунктах 5 и 6 цифру и слово "100 процентов" заменить словами и цифрой "более 50 процентов";

- пункты 3, 4, 5 и 6 считать соответственно пунктами 4, 5, 6 и 7.

Председатель

Правительства Республики  Таджикистан   Эмомали Рахмон

г. Душанбе,

от 30 апреля 2016 года, № 206