Низомномаи қисми тоҷикистонии Комиссияи байнидавлатӣ оид ба ҳамкории ҳарбию иқтисодии давлатҳои аъзои Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ аз 29 апрели соли 2016 № 178

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз "29" апрели соли 2016, № 178

тасдиқ шудааст

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз "29" апрели соли 2016, № 178

тасдиқ шудааст

Низомномаи қисми тоҷикистонии Комиссияи байнидавлатӣ оид ба ҳамкории ҳарбию иқтисодии давлатҳои аъзои Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ

1. Қоидаҳои умумӣ

1. Қисми тоҷикистонии Комиссияи байнидавлатӣ оид ба ҳамкории ҳарбию иқтисодии давлатҳои аъзои Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ (минбаъд - Комиссия) мақоми доимамалкунандае мебошад, ки дар Комиссия тарафи Тоҷикистонро намояндагӣ менамояд ва кори худро тибқи шартномаҳои байналмилалӣ ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Низомномаи мазкур амалӣ менамояд.

2. Қисми тоҷикистонии Комиссия фаъолияти зеринро анҷом медиҳад:

- ҳамоҳангсозии таҳияи маҷмӯӣ ва бо вазорату идораҳои манфиатдори Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қисмҳои миллии Комиссия мувофиқа намудани таклифҳо оид ба масъалаҳои ҳамкории ҳарбию иқтисодии бисёртарафа ва дутарафа дар соҳаи сохтан, истеҳсол ва истифодаи аслиҳаву техникаи ҳарбӣ барои ба баррасии Комиссия пешниҳод намудани онҳо;

- ҳамоҳангсозии фаъолияти вазорату, идораҳо ва ташкилотҳои Ҷумҳурии Тоҷикистонро оид ба иҷрои қарорҳо ва тавсияномаҳои Комиссия дар масъалаҳои ҳамкории ҳарбию иқтисодӣ.

2. Вазифаҳои қисми тоҷикистонии Комиссия

3. Қисми тоҷикистонии Комиссия:

а) таклифҳои вазорату идораҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қисмҳои миллии Комиссияро баррасӣ намуда, барои гузориш ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳияи маводи тавсифкунандаи ҳамкории ҳарбию иқтисодии бисёртарафа ва дутарафаи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо давлатҳои аъзои Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ оид ба масъалаҳои зерин ташкил мекунад:

- ҳамоҳангсозии корҳо оид ба наздик намудани заминаи меъёрию ҳуқуқии давлатҳои аъзои Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ дар соҳаи танзими масъалаҳои ҳамкории ҳарбию иқтисодӣ;

...

Утверждено

постановлением Правительства

Республики Таджикистан

от 29 апреля 2016 года, № 178

Утверждено

постановлением Правительства

Республики Таджикистан

от 29 апреля 2016 года, № 178

ПОЛОЖЕНИЕ

о таджикской части Межгосударственной комиссии по военно-экономическому сотрудничеству государств членов Организации Договора о коллективной безопасности

1. Общие положения

1. Таджикская часть Межгосударственной комиссии по военно-экономическому сотрудничеству государств - членов Организации Договора о коллективной безопасности (далее - Комиссия) является постоянно действующим органом, который представляет Таджикскую сторону в Комиссии и проводит свою работ) в соответствии с международными договорами и нормативно - правовыми актами Республики Таджикистан и настоящим Положением.

2. Таджикская часть Комиссии осуществляет следующую деятельность:

- координация комплексной разработки и согласования заинтересованными министерствами и ведомствами Республики Таджикистан и национальными частями Комиссии предложений по вопросам многостороннего и двухстороннего военно-экономическому сотрудничества в области создания, производства и эксплуатации вооружения и военной техники для представления их на рассмотрение Комиссии;

- координация действий министерств, ведомств и организаций Республики Таджикистан по выполнению решений и рекомендаций Комиссии в вопросах военно-экономического сотрудничества.

2. Функции таджикской части Комиссии

3. Таджикская часть Комиссии:

а) рассматривает предложения министерств и ведомств Республики Таджикистан и национальных частей Комиссии, организует подготовку материалов для доклада Правительству Республики Таджикистан, характеризующих многостороннее и двустороннее военноэкономическое сотрудничество Республики Таджикистан с государствами - членами Организации Договора о коллективной безопасности по следующим вопросам:

...