Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
ҚАРОР
Дар бораи ворид намудани илова ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 августи соли 2008, № 369
Мутобиқи моддаи 42 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Ба банди 1 қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 августи соли 2008, № 369 "Дар бораи объектҳои махсусан муҳим" зербанди 35 бо мазмуни зайл илова карда шавад:
"35) "Азнавсозии маҷмӯи биноҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон" (бинои 5).
2. Номгӯи молҳои барои сохтмони "Азнавсозии маҷмӯи биноҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон" (бинои 5) воридшаванда тасдиқ карда шавад (замима мегардад).
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
аз 14 апрели соли 2016 № 171
ш.Душанбе
Ниг. ба Замима
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
ҚАРОР
Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 9 феврали соли 2016, № 64
Мутобиқи моддаи 42 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Ба Номгӯи таҷҳизоти истеҳсолию технологӣ ва маҳсулоте, ки аз тарафи ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди "Комбинати металлургии Тоҷик" барои ташаккул додани фонди оинномавии корхона ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид карда шуда, аз пардохти андоз аз арзиши иловашуда ва боҷи гумрукӣ озод карда мешаванд, тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:
- дар банди 7 калимаи "литр" ба калимаи "тонна" иваз карда шавад;
- дар банди 13 рақами "2701" ба рақами "7203" иваз карда шавад;
- дар банди 30 рақами "200" ба рақами "8000" иваз карда шавад;
- дар банди 31 аломат ва рақами "O200 мм" ба аломат ва рақами "O300 мм" ва рақами "50" ба рақами "2000" иваз карда шаванд;
- дар банди 32 рақами "15000" ба рақами "70000" иваз карда шавад;
- дар банди 42 рақами "10" ба рақами "50" иваз карда шавад;
- дар банди 43 рақами "3" ба рақами "6" иваз карда шавад;
- дар банди 44 рақами "2" ба рақами "6" иваз карда шавад;
- дар банди 45 рақами "2" ба рақами "10" иваз карда шавад;
- дар банди 47 рақами "2" ба рақами "3" иваз карда шавад;
- аз банди 52 калимаҳои "ва қисмҳои эҳтиётӣ" хориҷ карда шаванд;
- бандҳои 53-101 бо мазмуни зайл илова карда шаванд:
Ниг.ба ҷадвал
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
аз 1 апрели соли 2017 № 171
ш.Душанбе