Тартиби ташкил ва пешбурди Феҳристи кӯмаки башардӯстона ба иттиҳодияҳои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 марти соли 2016 № 149

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 31 марти соли 2016 № 149

тасдиқ карда шуд

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 31 марти соли 2016 № 149

тасдиқ карда шуд

Тартиби ташкил ва пешбурди Феҳристи кӯмаки башардӯстона ба иттиҳодияҳои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон

1. Тартиби мазкур дар асоси қисми 2 моддаи 27 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ" таҳия гардида, қоидаҳои ташкил ва пешбурди Феҳристи иттиҳодияҳои ҷамъиятиеро, ки бо иштироки давлатҳои хориҷӣ, шахсони ҳуқуқии хориҷӣ, субъектҳои хориҷӣ, ташкилотҳои байналмилалӣ ва ҳаракатҳои ҷамъиятии байналмилалӣ, инчунин аз ҳисоби пардохтҳои ихтиёрӣ, хайрияҳо, грантҳо ё молу мулки аз дигар шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ гирифташуда таъсис ёфтаанд (минбаъд - Феҳрист), бо мақсади амалӣ намудани танзими давлатӣ ва назорат оид ба риояи қонунгузории амалкунанда аз ҷониби онҳо муқаррар менамояд.

2. Ташкил ва пешбурди Феҳристро мақомоти бақайдгирандаи иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ - Вазорати адлияи Ҷумхурии Тоҷикистон, раёсатҳои адлияи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Хатлон ва Суғд (минбаъд - мақоми бақайдгиранда) амалӣ менамоянд.

3. Дар сурати гирифтани пардохтҳои ихтиёрӣ, хайрияҳо, грантҳо ё молу мулк тибқи кисми 2 моддаи 27 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ" (минбаъд - манбаъҳои хориҷӣ) иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ӯҳдадоранд, мақоми бақайдгирандаро дар давоми 10 рӯз огоҳ намоянд.

4. Огоҳинома ба тарзи мувофиқ пешниҳодгардида ҳисоб мешавад, агар он бевосита ба мақоми бақайдгиранда супорида шуда бошад ва (ё) тавассути почта ба воситаи мактуби фармоишӣ бо огоҳонидан оид ба супоридани он, ба воситаи телеграмма, факс ё ба воситаҳои дигари алоқа ва дастраскунӣ, ки супоридани огоҳиномаро сабт мекунад, ба мақоми бақайдгиранда дастрас шуда бошад. Огоҳиномаи ташкилоти ҷамъиятӣ метавонад, дар шакли электронӣ пешниҳод карда шавад. Шакли огоҳинома ва тартиби пешниҳоди огоҳинома дар шакли электрониро Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд.

5. Дар огоҳинома бояд маълумоти зерин дарҷ карда шавад:

- ном ва рақами бақайдгирии иттиҳодияи ҷамъиятӣ;

- суроғаи ҳуқуқӣ;

- рақами мушаххаси андозсупоранда;

- насаб, ном, номи падари роҳбари иттиҳодияи ҷамъиятӣ;

...

Утверждён

постановлением Правительства

Республики Таджикистан

от 31 марта 2016 года, № 149

Утверждён

постановлением Правительства

Республики Таджикистан

от 31 марта 2016 года, № 149

Порядок создания и ведения Реестра гуманитарной помощи общественным объединениям Республики Таджикистан

1. Настоящий Порядок разработан на основании части 2 статьи 27 Закона Республики Таджикистан "Об общественных объединениях" и устанавливает правила организации и ведения Реестра общественных объединений, образованных с участием иностранных государств, иностранных юридических лиц, иностранных субъектов, международных организаций и международных общественных движений, а также за счёт полученных от других физических и юридических лиц добровольных взносов, пожертвований, грантов или имущества (далее - Реестр), с целью осуществления государственного регулирования и контроля за соблюдением ими действующего законодательства.

2. Создание и ведение Реестра осуществляет регистрирующий орган общественных объединений - Министерство юстиции Республики Таджикистан, управления юстиции Горно-Бадахшанской области, Хатлонской и Согдийской областей (далее - регистрирующий орган).

3. В случае получения добровольных взносов, пожертвований, грантов или имущества в соответствии с частью 2 статьи 27 Закона Республики Таджикистан "Об общественных объединениях" (далее - иностранные источники), общественные объединения обязаны уведомить регистрирующий орган в течение 10 дней.

4. Уведомление считается предоставленным, если оно непосредственно было сдано в регистрирующий орган или отправлено по почте сопроводительным письмом с поручением уведомить о её вручении, путем телеграммы, факса, а также другими путями связи и доставки, которые регистрируют получение уведомления в регистрирующий орган. Уведомление общественного объединения может предоставляться по электронной почте. Форму уведомления и порядок подачи электронной формы уведомления определяет Министерство юстиции Республики Таджикистан.

5. В уведомление должны быть указаны следующие сведения:

- наименование и регистрационный номер общественного объединения;

- юридический адрес;

- индивидуальный номер налогоплательщика;

- фамилия, имя, отчество руководителя общественного объединения;

...