Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 марти соли 2016 № 1279 "Дар бораи ворид намудани тағйиру илова ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ДАР БОРАИ ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРУ ИЛОВА БА КОДЕКСИ ҲУҚУҚВАЙРОНКУНИИ МАЪМУРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

 

Бо қарори Маҷлиси намояндагони

Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 3 феврали соли 2016, № 344

қабул гардидааст.

 

Бо қарори Маҷлиси миллии

Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 3 марти соли 2016, № 176

ҷонибдорӣ гардидааст.

Моддаи 1. Ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 декабри соли 2008 қабул шудааст (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2008, №12, қ. 1, мод. 989, мод. 990; с. 2009, №5, мод. 321, №9-10, мод. 543;,с. 2010, №1, мод. 2, мод. 5, №3, мод. 153, №7, мод. 547, №12, қ. 1, мод. 812; с. 2011, №6, мод. 430, мод. 431, №7-8, мод. 610, №12, мод. 838; с. 2012, №4, мод. 256, №7, мод. 685. мод. 693, №8, мод. 814, №12, қ. 1, мод.,1004; с. 2013, №3, мод. 181, №7, мод. 508; с. 2014, №3, мод. 143, мод. 144, №7, қ. 1, мод. 389, мод. 390; с. 2015, №3, мод. 201, №7-9, мод. 707, мод. 708; Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23 ноябри соли 2015, №1234; Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 25 декабри соли 2015, №1262), тағйиру иловаи зерин ворид карда шаванд:

1. Ном ва диспозитсияи қисми 1 моддаи 311 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:

"Моддаи 311. Риоя накардани қоидаҳои ҳамлу нақли бори хавфнок, калонҳаҷм, вазнин ва маҳдудиятҳои мавсимии вазн ва сарборӣ бо нақлиёти автомобилӣ

1. Барои аз тарафи ронандагон риоя накардани қоидаҳои ҳамлу нақли бори хавфнок, калонҳаҷм, вазнин ва маҳдудиятҳои мавсимии вазн ва сарборӣ ба меҳвари воситаҳои нақлиёт ҳангоми ҳаракати онҳо дар роҳҳои автомобилгарди истифодаи умум,".

2. Ба моддаи 323 қисми 4 бо мазмуни зерин илова карда шавад:

"4. Барои худсарона баромадани ронандагони воситаҳои нақлиёт аз самтҳои муқарраршудаи байналмилалии хатсайр ё то охири он нарафтан (ба истиснои хатсайри муқарраршудаи таҳвили молҳои таҳти назорати гумрукӣ қарордошта),

ба андозаи аз ҳаштод то сад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад.".

Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон                                  Эмомалӣ Раҳмон

ш.Душанбе

15 марти соли 2016 № 1279

ЗАКОН РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН

О ВНЕСЕНИИ ИЗМЕНЕНИЯ И ДОПОЛНЕНИЯ В КОДЕКС РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН ОБ АДМИНИСТРАТИВНЫХ ПРАВОНАРУШЕНИЯХ

Принят Постановлением МН МОРТ

от 3 февраля 2016 года,№ 344

Одобрена Постановлением ММ МОРТ

от 3 марта 2016 года,№ 176

Статья 1. Внести в Кодекс Республики Таджикистан об административных правонарушениях, принятый Законом Республики Таджикистан от 31 декабря 2008 года (Ахбори Маджлиси Оли Республики Таджикистан, 2008 г., №12, ч. 1, ст. 989, ст. 990; 2009 г., №5, ст. 321, №9-10, ст. 543; 2010 г., №1, ст. 2,. ст. 5, №3, ст. 153, №7, ст. 547, №12, ч. 1, ст. 812; 2011 г., №6, ст. 430, ст. 431, №7-8, ст. 610, №12, ст.838; 2012г., №4, ст.256, №7, ст.685, ст.693, №8, ст.814, №12, ч.1, ст. 1004; 2013 г., №3, ст. 181, №7, ст. 508; 2014 г., №3, ст. 143, ст. 144, № 7, ч. 1, ст. 389, ст. 390; 2015 г., №3, ст. 201, №7-9, ст. 707, ст. 708; Закон Республики Таджикистан от 23 ноября 2015 года, №1234; Закон Республики Таджикистан от 25 декабря 2015 года, №1262), следующие изменение и дополнение:

1. Название и диспозицию части 1 статьи 311 изложить в следующей редакции:

"Статья 311. Нарушение правил перевозки опасных, крупногабаритных, тяжеловесных грузов и сезонных ограничений массы и нагрузок автомобильным транспортом

1. Нарушение водителями правил перевозки опасных, крупногабаритных, тяжеловесных грузов и сезонных ограничений массы и нагрузок на оси транспортных средств, при их движении по автомобильным дорогам общего пользования,-":

2. Статью 323 дополнить частью 4 следующего содержания:

"4. Самовольное отклонение водителями транспортных средств от установленного международного направления маршрута или не доведения его до конца (за исключением установленного маршрута доставки товаров, находящихся под таможенным контролем),

влечет наложение штрафа в размере от восьмидесяти до ста показателей для расчётов.".

Статья 2. Настоящий Закон ввести в действие после его официального, опубликования.

Президент

Республики Таджикистан         Эмомали Рахмон

г. Душанбе,

от 15 марта 2016 года, № 1279