ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ДАР БОРАИ ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БА КОДЕКСИ ҲУҚУҚВАЙРОНКУНИИ МАЪМУРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Бо қарори Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 16 декабри соли 2015, № 273
қабул гардидааст.
Бо қарори Маҷлиси миллии
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 3 марти соли 2016, № 174
ҷонибдорӣ гардидааст.
Моддаи 1. Ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 декабри соли 2008 қабул шудааст (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2008, №12. қ.1, мод. 989, мод. 990; с. 2009, №5, мод. 321, №9-10, мод. 543; с. 2010, №1, мод. 2, мод. 5, №3, мод. 153, №7, мод. 547, №12, қ. 1, мод. 812; с. 2011, №6, мод. 430, мод. 431, №7-8, мод. 610, №12, мод. 838; с, 201.2, №4, мод. 256, №7, мод. 685, мод. 693, №8, мод. 814, №12, қ. 1, мод. 1004; с. 2013, №3, мод. 181. №7, мод. 508; с. 2014, №3, мод. 143, мод. 144, №7, қ. 1, мод. 389, мод. 390; с. 2015, №3, мод. 201, №7-9, мод. 707, мод. 708: Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23 ноябри соли 2015, №1234), тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:
1. Моддаи 350(1) бо мазмуни зерин илова карда шавад:
"Моддаи 350(1). Риоя накардани талаботи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи алоқаи барқӣ ҳангоми ба фурӯш баровардани симкортҳо
Барои риоя накардани талаботи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи алоқаи барқӣ ҳангоми ба фурӯш баровардани симкортҳо (пайвасткунии муштариён ба шабакаи алоқаи барқӣ),
ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз ҳафтод то сад, ба шахсони мансабдор аз яксаду панҷоҳ то дусад ва ба шахсони ҳуқуқӣ аз ҳаштсад то як ҳазор нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад.".
2. Дар ном ва диспозитсияи моддаи 351 калимаҳои "сертификатсияи таҷҳизот" ба калимаҳои "сертификати мутобиқат" иваз карда шаванд.
3. Дар моддаи 356:
- матни модда қисми 1 ҳисобида шуда, санксияи модда дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
"ба шахсони мансабдор ба андозаи аз сӣ то панҷоҳ ва ба шахсони ҳуқуқӣ аз сад то дусад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таънин карда мешавад.";
- қисми 2 бо мазмуни зерин илова карда шавад:
"2. Барои фаъолият бидуни бақайдгирии шартномаҳои пайвастшавии байнишабакавии шабакаҳои алоқаи барқӣ,
ба шахсони мансабдор ба андозаи аз си то панҷоҳ ва ба шахсони ҳуқуқӣ аз сад то дусад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад.".
4. Моддаҳои 364(1) ва 368(1) бо мазмуни зерин илова карда шаванд:
"Моддаи 364(1). Сохтакории аломатҳои давлатии пардохти алоқаи почта ва ё истифодаи он
Барои сохтакории аломатҳои давлатии пардохти алоқаи почта ва ё истифодаи он, ҳангоми мавҷуд набудани аломати ҷиноят,
ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз панҷ то ҳашт, ба шахсони мансабдор аз даҳ то бист ва ба шахсони ҳуқуқӣ аз бист то чил нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад.
Моддаи 368(1). Истифодаи ғайриқонунии рақамгузории алоқаи барқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ё барои истифода ба шахсони дигар додани он
Барои истифодаи ғайриқонунии рақамгузории алоқаи барқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ё барои истифода ба шахсони дигар додани он,
ба шахсони мансабдор ба андозаи аз панҷоҳ то сад ва ба шахсони ҳуқуқӣ аз дусад то дусаду панҷоҳ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад.".
Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш.Душанбе
15 марти соли 2016 № 1277