Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 20 марти соли 2008 № 378 "Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи суғурта"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи суғурта"

Моддаи 1. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 20 июли соли 1994 "Дар бораи суғурта" (Ахбори Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 1994, №14, мод. 207; Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 1997, №9. мод. 117, №23-24, мод. 333; соли 1999, №5, мод. 73; соли 2001, №4, мод. 179; соли 2005, №12, мод.635) тағйиру шюваҳои зайл ворид карда шаванд:

1. Дар матни Қонун ба ғайр аз қисми дуюми моддаи 3,қисми дуюм ва ҷумлаи якуми қисми сеюми моддаи 9, ном ва қисмм дуюми моддаи 10, сатри дуюми қисми якуми моддаи 2, банди 11) қисми дуюми моддаи 13, номи боби III, ном ва матни моддаи 22, қисми сеюми моддаи 28, ном ва матни моддаи 29 калимаҳои "суғуртакунанда", "суғуртакунандаро", "суғуртакунандагон", "суғуртакунандагоне", "суғуртакунандаю", "суғуртакунандаҳо" мутаносибан ба калимаҳои "суғурташаванда", "суғурташавандаро", "суғурташавандагон", "суғурташавандагоне", "суғурташавандаю", "суғурташавандаҳо" ва калимаҳои "муассисаҳои суғурта" ба калимаи "суғуртакунандагон", калимаҳои "муассисаи суғурта" ба калимаи "суғуртакунанда", калимаҳои "муассисаи суғуртаро" ба калимаи "суғуртакунандаро", калимаҳои "амвол" ва "амволии" мутаносибан ба калимаҳои "молу мулк" ва "молумулкии" иваз карда шаванд.

2. Моддаи 2 дар таҳрири зайл ифода карда шавад:

"Моддаи 2. Мафҳумҳои асосӣ

Дар Қонуни мазкур мафҳумҳои асосии зерин истифода бурда мешаванд:

полиси суғурта - ҳуҷҷате, ки аз ҷониби суғуртакунанда дода мешавад ва бастани шартномаи суғуртаро тасдиқ мекунад;

суғуртакунӣ - фаъолиятест, ки ба таъмини ҳимояи манфиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ аз оқибатҳои ҳодисаҳои муаяйн, ғайричашмдошт (ҳолатҳои суғуртавӣ) аз ҳисоби фондҳои пулии аз пардохтҳои (ҳаққи аъзогӣ) ташкилёфтаи онҳо равона гардидааст;

суғуртакунанда - шахси ҳуқуқие, ки шакли ташкилию ҳуқуқии он бо қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ шуда, барои амалигардонии фаъолияти суғуртакунӣ ташкил ёфта, иҷозатнома гирифтааст;

суғурташаванда - шахси воқеӣ ё ҳуқуқӣ, ки дар шартмомаи суғурта яке аз тарафҳо буда, саҳмҳои суғуртавиро мепардозад ва мувофиқи қонун ё тибқи шартнома ҳангоми фаро расидани ҳодисаи суғуртавӣ дар доираи масъулияти суғурташуда ё маблағи суғуртавии дар шартнома зикргардида ҳуқуқи гирифтани ҷубронро дорад;

фоидагиранда - шахси дар шартномаи суғурта зикргардида, ки шартномаи мазкур ба фоидаи ӯ баста шудааст.".

3. Ба Қонун моддаи 2 (1) дар таҳрири зайл илова карда шавад:

"Моддаи 2 (1) Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи суғурта

Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи суғурта ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Қонуни мазкур, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки онҳоро Тоҷикистон эътироф намудааст, иборат мебошад.".

...

ЗАКОН РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН

О внесении изменений и дополнений в Закон Республики Таджикистан "О страховании"

Статья 1. Внести в Закон Республики Таджикистан от 20 июля 1994 года "О страховании" (Ведомости Верховного Совета Республики Таджикистан, 1994г., №14, ст. 207; Ахбори Маджлиси Оли Республики Таджикистан, 1997г., №9, ст. 117, №23-24, ст. 333; 1999г., №5, ст.73; 2001г., №4, ст. 179; 2005г., №12, ст. 635) следующие изменения и дополнения:

1. Статью 2 изложить в следующей редакции:

"Статья 2. Основные понятия

В настоящем Законе используются следующие основные понятия: страховой полис - документ, выдаваемый страховщиком и подтверждающий заключение договора страхования;

страхование - деятельность, направленная на обеспечение защиты интересов физических и юридических лиц от последствий определенных, непредвиденных событий (страховых случаев) за счет денежных фондов, формируемых из уплачиваемых ими платежей (взносов);

страхователь - физическое или юридическое лицо, являющееся стороной в договоре страхования, которое уплачивает страховые взносы и имеет право по закону или в силу договора получить при наступлении страхового случая возмещение в пределах застрахованной ответственности или страховой суммы, оговоренной в договоре страхования;

страховщик - юридическое лицо, организационно-правовая форма которого, предусмотрена законодательством Республики Таджикистан, образованное для осуществления страховой деятельности и получившее на то лицензию.

выгодоприобретатель - лицо, указанное в договоре страхования, в пользу которого заключен настоящий договор.".

2. Дополнить Закон статьей 2(1) в следующей редакции:

"Статья 2(1) Законодательство Республики Таджикистан о страховании

Законодательство Республики Таджикистан о страховании основывается на Конституции Республики Таджикистан и состоит из настоящего Закона, иных нормативных правовых актов Республики Таджикистан, а также международных правовых актов признанных Таджикистаном.".

3.Части третью и шестую статьи 4 исключить;

4. Часть вторую статьи 10 изложить в следующей редакции: "Объединения страховщиков после государственной регистрации в соответствии с Законом Республики Таджикистан "О государственной регистрации юридического лица" действуют на основании своих уставов.".

...