ҚОНУНИ КОНСТИТУТСИОНИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон"
Моддаи 1. Ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон" аз 3 ноябри соли 1995 (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 1995, № 21, мод. 223; соли 1997, № 9, мод. 110; соли 1998, № 10, мод. 111, мод. 115; соли 2000, № 6, мод. 349; соли 2001, № 4, мод. 200; соли 2004, № 2, мод. 43; соли 2006, № 3, мод. 142; соли 2007, № 7, мод. 650) тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:
1. Дар моддаи 14:
- қисми якум бо мазмуни зайл илова карда шавад:
"Суди конститутсионин Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаи ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқ будани лоиҳаи тағйиру иловаҳои ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон воридшаванда, лоиҳаи қонунҳо ва дигар масъалаҳоеро, ки ба раъйпурсии умумихалқӣ пешниҳод карда мешаванд, муайян менамояд.";
- дар банди "а" қисми якум калимаи "қарордодҳои" ба калимаҳои "шартномаҳои байналмилалии" иваз карда шавад;
- қисми сеюм дар таҳрири зайл ифода карда шавад:
"Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаҳоро оид ба вайронкунии ҳуқуқу озодиҳои конститутсионии шаҳрвандон вобаста ба қонун ва дигар санади ҳуқуқии татбиқшуда ё татбиқшаванда дар муносибати мушаххаси ҳуқуқӣ баррасӣ мекунад, инчунин ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқ будани қонун, дигар санади ҳуқуқӣ ва тавзеҳоти дастурии Пленумҳои Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар парвандаи мушаххас, ки аз тарафи суд нисбаташон татбиқ шудааст, бо тартибе, ки Қонуни конститутсионии мазкур муқаррар кардааст, муайян менамояд.".
2. Моддаи 37 дар таҳрири зайл ифода карда шавад:
"Моддаи 37. Субъектҳои ба Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон муроҷиаткунанда
Ба Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқи муроҷиат карданро доранд:
1) Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хусуси ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқ будани тағйиру иловаҳои ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон воридшаванда, лоиҳаи қонунҳо ва дигар масъалаҳое, ки ба раъйпурсии умумихалқӣ пешниҳод карда мешаванд;
2) Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷаласаи якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, узви Маҷлиси миллӣ ва вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маҷлисҳои вакилони халқи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо ва шаҳри Душанбе дар хусуси ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқ будани қонунҳо, санадҳои ҳуқуқии якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои ҳуқуқии Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шартномаҳои байналмилалии ба қувваи қонун надаромадаи Тоҷикистон;
3) Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маҷлисҳои вакилони халқи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва раисони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо ва шаҳри Душанбе дар хусуси ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқ будани санадҳои ҳуқуқии вазоратҳо, кумитаҳои давлатӣ ва дигар мақомоти идоракунии давлатӣ, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ;
...