ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи рӯзҳои ид"
Моддаи 1. Ба банди 5 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи рӯзҳои ид" аз 3 ноябри соли 1995 (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 1995, № 21, мод. 237; соли 1998, № 10, мод. 125, фасли III, № 23-24, мод. 338; соли 1999, №5, мод. 76, № 12, мод. 308; соли 2002, № 4, қ. 1, мод 191, мод. 194, мод. 197; соли 2003, № 4, мод. 132, № 8, мод. 449, № 12, мод.678; соли 2004, № 5, мод.350, № 12, қ.1, мод. 697; соли 2005, № 3, мод. 131, № 12, мод. 658, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5 январи соли 2008, № 343) сархати шонздаҳум бо мазмуни зайл илова карда шавад:
"Рӯзи байналмилалии муҳити зист - 5 июн;".
Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе
20 марти соли 2008 № 367
ш. Душанбе
20 марти соли 2008 № 367
ҚАРОРИ МАҶЛИСИ МИЛЛИИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Дар бораи Қонуни "Ҷумҳурии Тоҷикистон "Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи рӯзҳои ид"
Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистонро "Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи рӯзҳои ид" баррасӣ намуда, қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи рӯзҳои ид" ҷонибдорӣ карда шавад.
...