Тартиби пешбурди кадастри давлатии шаҳрсозӣ ва мониторинги объектҳои фаъолияти шаҳрсозӣ аз 30 декабри соли 2015 № 825

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 30 декабри соли 2015 № 825

тасдиқ шудааст

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 30 декабри соли 2015 № 825

тасдиқ шудааст

Тартиби пешбурди кадастри давлатии шаҳрсозӣ ва мониторинги объектҳои фаъолияти шаҳрсозӣ

1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ

1. Тартиби пешбурди кадастри давлатии шаҳрсозӣ ва мониторинги объектҳои фаъолияти шаҳрсозӣ (минбаъд - Тартиб) бо мақсади татбиқи моддаи 12 Кодекси шаҳрсозии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия гардидааст.

2. Кадастри давлатии шаҳрсозӣ ва мониторинги объектҳои фаъолияти шаҳрсозӣ (минбаъд - кадастри шаҳрсозӣ ва мониторинг) мутобиқи Кодекси шаҳрсозии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Тартиби мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешавад.

3. Мақсади пешбурди кадастри шаҳрсозӣ ва мониторинг таъмини мақомоти дахлдор, шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ бо иттилооти дақиқ оид ба фазои фаъолияти ҳаётӣ, тағйироти дар он пешбинишуда, аз ҷумла маҳдудияти истифодабарии ҳудуд ва иншооти ғайриманқул дар шаҳрсозӣ, иттилооти дигари барои фаъолияти шаҳрсозӣ, сармоягузорӣ, заминсозӣ ва фаъолияти дигари хоҷагидорӣ зарур, баҳодиҳӣ ва андозбандии иншоотҳои ғайриманқул мебошад.

2. ВАЗИФАИ МАҚОМОТИ ТАЪМИНКУНАНДАИ ПЕШБУРДИ КАДАСТРИ ШАҲРСОЗӢ

4. Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фармоишгари давлатӣ оид ба пешбурди системаи ягонаи кадастри шаҳрсозӣ ва мониторинг буда, чунин вазифаҳоро амалӣ менамояд:

а) таҳия ва тасдиқи ҳуҷҷатҳои меъёрию методӣ оид ба системаи ягонаи пешбурди кадастри шаҳрсозӣ, аз ҷумла ҷамъоварӣ, коркард, бақайдгирӣ, нигоҳдорӣ ва навсозии захираҳои иттилоотӣ, инчунин пешниҳоди маълумот ба истифодабарандагон;

- усули ягонаи пешбурди мониторинг - мушоҳида, баҳодиҳӣ ва пешгӯии ҳолати объектҳои фаъолияти шаҳрсозӣ;

б) таъмини таҳия ва татбиқи барномаҳои кадастри шаҳрсозӣ ва лоиҳаҳои ташкил ва истифодабарии системаи автоматикунонидашудаи он;

...

Утвержден

постановлением Правительства

Республики Таджикистан

от 30 декабря 2015 года, № 825

Утвержден

постановлением Правительства

Республики Таджикистан

от 30 декабря 2015 года, № 825

Порядок ведения государственного градостроительного кадастра и мониторинга объектов градостроительной деятельности

1. ОБЩИЕ ПОЛОЖЕНИЯ

1. Порядок ведения государственного градостроительного кадастра и мониторинга объектов градостроительной деятельности (далее - Порядок) разработан с целью реализации статьи 12 Градостроительного кодекса Республики Таджикистан.

2. Государственный градостроительный кадастр и мониторинг объектов градостроительной деятельности (далее - градостроительный кадастр и мониторинг) осуществляется в соответствии с Градостроительным кодексом Республики Таджикистан, настоящим Порядком и другими нормативными правовыми актами Республики Таджикистан.

3. Целью ведения градостроительного кадастра и мониторинга является обеспечение соответствующих органов, физических и юридических лиц достоверной информацией о среде жизнедеятельности, ее предполагаемых изменениях, в том числе об ограничениях использования территорий и объектов недвижимости в градостроительстве, другой информацией, необходимой для градостроительной, инвестиционной, землеустроительной и иной хозяйственной деятельности, оценки и налогообложения объектов недвижимости.

2. ФУНКЦИИ ОРГАНОВ, ОБЕСПЕЧИВАЮЩИХ ВЕДЕНИЕ ГРАДОСТРОИТЕЛЬНОГО КАДАСТРА

4. Комитет по архитектуре и строительству при Правительстве Республики Таджикистан является государственным заказчиком работ по ведению единой системы градостроительного кадастра и осуществляет:

а) разработку и утверждение нормативно-методических документов по единой системе ведения градостроительного кадастра, включая сбор, обработку, регистрацию, хранение и обновление информационных ресурсов, а также предоставление сведений пользователям;

- единой методики ведения мониторинга - наблюдения, оценки и прогнозирования состояния объектов градостроительной деятельности;

б) обеспечение разработки и реализации программ градостроительного кадастра и проектов создания и эксплуатации его автоматизированной системы;

...