Низомномаи Комиссияи доимамалкунанда оид ба тақвияти истеҳсолоти воридотивазкунанда ва рушди содирот аз 30 декабри соли 2015 № 815

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Замимаи 2

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 30 декабри соли 2015, № 815

тасдиқ шудааст

Замимаи 2

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 30 декабри соли 2015, № 815

тасдиқ шудааст

Низомномаи Комиссияи доимамалкунанда оид ба тақвияти истеҳсолоти воридотивазкунанда ва рушди содирот

1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ

1. Комиссияи доимамалкунанда оид ба таҳкими истеҳсолоти воридотивазкунанда ва рушди содирот (минбаъд - Комиссия) бо мақсади мукаммал намудани сиёсати давлатии тақвияти истеҳсолоти воридотивазкунанда ва рушди содирот, татбиқи сиёсати давлат оид ба ҳавасмандгардонии истеҳсоли ватанӣ, кам намудани вобастагии иқтисодиёти миллӣ аз воридоти молу маҳсулоти хориҷӣ таъсис дода шудааст.

2. Комиссия мақоми ҳамоҳангсоз буда, барои таъмини фаъолияти мувофиқашудаи вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва субъектҳои соҳибкорӣ вобаста ба масъалаҳои тақвияти истеҳсолоти воридотивазкунада ва рушди содирот созмон дода шудааст.

3. Комиссия дар фаъолияти худ Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Низомномаи мазкурро ба роҳбарӣ мегирад.

2. ВАЗИФАҲОИ АСОСИИ КОМИССИЯ

4. Вазифаҳои асосии Комиссия:

- мусоидат ҷиҳати татбиқи сиёсати давлатӣ оид ба тақвияти истеҳсолоти воридотивазкунанда ва рушди содирот, муайян намудани чораҳое, ки барои қонеъ гардонидани талаботи бозори истеъмолӣ ва эҳтиёҷоти дигар ба молҳои истеҳсолии ватанӣ равона гардидаанд;

- баррасии таклифу пешниҳодҳо ва мусоидат ба иҷрои чорабиниҳое, ки барои муҳайё намудани шароит ҷиҳати татбиқи самараноки сиёсати давлатӣ дар соҳаи воридотивазкунанда ва рушди содирот равона гардидаанд;

...

Приложение 2

Утверждено

постановлением Правительства

Республики Таджикистан

от 30 декабря 2015 года, №815

Приложение 2

Утверждено

постановлением Правительства

Республики Таджикистан

от 30 декабря 2015 года, №815

Положение о Постоянно действующей комиссии по укреплению импортозамещающего производства и развитию экспорта

1. ОБЩИЕ ПОЛОЖЕНИЯ

1. Постоянно действующая комиссия по укреплению импортозамещающего производства и развития импорта (далееКомиссия) создана с целью совершенствования государственной политики развития импортозамещающего производства и экспорта, реализации государственной политики по стимулированию отечественного производства, уменьшению зависимости национальной экономики от импорта внешней продукции.

2. Комиссия является координационным органом и создана для обеспечения координационной деятельности министерств и ведомств, местных исполнительных органов государственной власти и субъектов предпринимательства по вопросам увеличения импортозамещающего производства и развития экспорта.

3. Комиссия в своей деятельности руководствуется Конституцией Республики Таджикистан, нормативными правовыми актами Республики Таджикистан и настоящим Положением.

2. ОСНОВНЫЕ ЗАДАЧИ КОМИССИИ

4. Основные задачи Комиссии:

- содействие реализации государственной политики по укреплению импортозамещающего производства и развития экспорта, определения мер, направленных на удовлетворение потребительского рынка и других потребностей к продукции отечественного производства;

- рассмотрение предложений и содействие выполнению мероприятий, направленных на создание условий по эффективной реализации государственной политики в области импортозамещающего производства и развития экспорта;

...