ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ИЛОВА БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН "ДАР БОРАИ МУБОРИЗА БАР ЗИДДИ ТЕРРОРИЗМ"
Бо қарори Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 25 ноябри соли 2015, № 236
қабул гардидааст.
Бо қарори Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 25 ноябри соли 2015, № 236
қабул гардидааст.
Бо қарори Маҷлиси миллии
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 18 декабри соли 2015, № 153
ҷонибдорӣ гардидааст.
Бо қарори Маҷлиси миллии
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 18 декабри соли 2015, № 153
ҷонибдорӣ гардидааст.
Моддаи 1. Ба моддаи 20 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 16 ноябри соли 1999 "Дар бораи мубориза бар зидди терроризм" (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 1999, №11, мод. 275; с. 2005, № 3, мод. 116; с. 2007, №5, мод. 355; с. 2008, №10, мод. 802; с. 2012, №8, мод. 816; с. 2013, №6, мод. 407; с. 2014, №11, мод. 647, мод. 648) қисми сеюм бо мазмуни зайл илова карда шавад:
"Бо дархости субъекти асосии бевосита бар зидди терроризм муборизабаранда, хизматрасонии алоқаи барқӣ ва истифодабарии воситаҳои вобаста ба он дар минтақаи гузаронидани амалиёти зиддитеррористӣ, инчунин дар тамоми қаламрави кишвар ва ё минтақаҳои ҷудогонаи он метавонад муваққатан боздошта шавад.".
...