ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ДАР БОРАИ ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БА КОДЕКСИ ҲУҚУҚВАЙРОНКУНИИ МАЪМУРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Бо қарори Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 4 ноябри соли 2015, № 215
қабул гардидааст.
Бо қарори Маҷлиси миллии
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 18 декабри соли 2015, № 149
ҷониборӣ гардидааст.
Моддаи 1. Ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 декабри соли 2008 қабул шудааст (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с.2008, №12, қ.1, мод.989, мод.990; с.2009, №5, мод.321, №910, мод.543; с.2010, №1, мод.2, мод.5, №3, мод.153, №7, мод.547, №12, қ.1, мод.812; с.2011, №6, мод.430, мод.431, №7-8, мод.610, №12, мод.838; с.2012, №4, мод.256, №7, мод.685, мод.693, №8, мод.814, №12, қ.1, мод.1004; с.2013, №3, мод.181, №7, мод.508; с.2014, №3, мод.143, мод.144, №7, қ.1, мод.389, мод.390; с. 2015, №3, мод. 201; Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 8 августи соли 2015, №1219; Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 8 августи соли 2015, №1220), тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:
1. Ба сархати панҷуми қисми 2 моддаи 33 пас аз калимаҳои "маъмурие, ки" калимаҳои "тавассути воситаҳои махсуси техникии низоми худкори идоракунӣ дар соҳаи нақлиёт сабт шудаанд ё" илова карда шаванд.
2. Моддаи 315 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
"Моддаи 315. Идора кардани воситаи нақлиёт бе муоинаи ҳатмии техникии давлатӣ ва суғуртаи ҳатмӣ
1. Барои аз тарафи ронанда идора кардани воситаи нақлиёте, ки дар мӯҳлати муқаррарнамуда аз муоинаи ҳатмии техникии давлатӣ нагузаштааст,
ба андозаи се нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад.
2. Барои аз тарафи ронанда идора кардани воситаи нақлиёт ҳангоми надоштани ҳуҷҷат дар бораи суғуртаи ҳатмӣ,
ба андозаи як нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад.".
3. Қисми 2 моддаи 318 хориҷ карда шуда, қисми 1 матни модда ҳисобида шавад.
4. Дар моддаи 323:
- қисми 2 бо мазмуни зерин илова карда шавад:
"2. Барои дар давоми як соли баъди таъйини ҷазои маъмурӣ такроран содир намудани кирдорҳое, ки дар қисми 1 ҳамин модда пешбинӣ шудаанд,
ба андозаи аз ду то се нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад.";
- қисми 2 қисми 3 ҳисобида шавад.
5. Дар моддаи 324:
- қисми 1 дар таҳрири зайл ифода карда шавад:
"Барои аз тарафи ронандагони воситаҳои нақлиёт риоя накардани талаботи аломатҳои роҳ, нишонаҳои роҳ, истифодаи асбобҳои равшаникунанда ҳангоми шаб ё равшании начандон зиёд, истгоҳи нақлиёти ҷамъиятӣ, гузаргоҳҳо барои пиёдагардон, ҳаракат тавассути пайроҳаҳо, роҳҳои пиёдагард, хатти ҳаракат барои воситаҳои нақлиёти маршрутӣ ё аз канори чапи роҳ ҳангоми мавҷудияти хатти холӣ дар ҳамон самт, барои нигоҳ доштани воситаҳои нақлиёт дар хатти ҳаракат барои воситаҳои нақлиёти маршрутӣ, ҳудуди чорроҳаҳо ва роҳҳои пиёдагард, дар хатҳои ҳаракат дар роҳ, ба ғайр аз хатти якуми ҳаракат дар ҳамон самт, инчунин ба вуҷуд овардани монеа ба ҳаракати воситаҳои нақлиёт дар роҳ дар натиҷаи риоя накардани қоидаҳои истгоҳ,
ба андозаи як нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад.";
- қисми 2 хориҷ карда шавад.
6. Дар моддаи 462:
- дар қисми 1 калимаҳои "ё таҷҳизоти таъмирии садобардор" ба калимаҳои ", техника ё таҷҳизоти сохтмонию таъмирии садобарор" иваз карда шаванд;
- санксияи қисми 1 дар таҳрири зайл ифода карда шавад:
"ба шахсони воқеӣ огоҳӣ дода мешавад ё ба андозаи аз ду то се, ба шахсони мансабдор аз панҷ то ҳафт ва ба шахсони ҳуқуқӣ огоҳӣ дода мешавад ё ба андозаи аз даҳ то бист нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад.";
- ба санксияи қисми 3 пас аз калимаҳои "аз даҳ то понздаҳ" калимаҳои "ва ба шахсони ҳуқуқӣ аз бист то сӣ" илова карда шаванд.
Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш.Душанбе
25 декабри соли 2015 № 1262
ЗАКОН РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН
О ВНЕСЕНИИ ИЗМЕНЕНИЙ И ДОПОЛНЕНИЙ В КОДЕКС РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН ОБ АДМИНИСТРАТИВНЫХ ПРАВОНАРУШЕНИЯХ
Принят Постановлением МН МОРТ
от 4 ноября 2015 года,№ 215
Одобрен Постановлением ММ МОРТ
от 18 декабря 2015 года,№ 149
Статья 1. Внести в Кодекс Республики Таджикистан об административных правонарушениях, принятый Законом Республики Таджикистан от 31 декабря 2008 года (Ахбори Маджлиси Оли Республики Таджикистан, 2008 г., №12, ч.1, ст.989, ст.990; 2009 г., №5, ст.321, №9-10, ст.543; 2010 г., №1, ст.2, ст. 5, №3, ст. 153, №7, ст.547, №12, ч.1, ст.812; 2011 г., №6, ст.430, ст.431, №7-8, ст.610, №12, ст.838; 2012 г., №4, ст.256, №7, ст.685, ст.693, №8, ст.814,№12, ч1, ст.1004; 2013 г., №3, ст.181, №7, ст.508; 2014 г., №3, ст. 143, ст. 144, №7, ч.1, ст.389, ст.390; 2015 г., №3, ст.201; Закон Республики Таджикистан от 8 августа 2015 года, №1219; Закон Республики Таджикистан от 8 августа 2015 года, №1220), следующие изменения и дополнения:
1. Абзац пятый части 2 статьи 33 после слова "правонарушений," дополнить словами "зафиксированных специальными техническими средствами автоматической системы управления, или".
2. Статью 315 изложить в следующей редакции:
"Статья 315. Управление транспортным средством без обязательного государственного технического осмотра и обязательного страхования
1. Управление водителем транспортным средством, не прошедшим обязательный государственный технический осмотр в установленный срок,-
влечет наложение штрафа в размере трех показателей для расчетов.
2. Управление водителем транспортным средством без документа об обязательном страховании,
влечет наложение штрафа в размере одного показателя для расчетов.".
3. Часть 2 статьи 318 исключить, часть 1 считать текстом статьи.
4. В статье 323:
- дополнить частью 2 следующего содержания:
"2. Те же деяния, предусмотренные частью 1 настоящей статьи, совершенные повторно в течение одного года, после применения административного наказания,
влекут наложение штрафа в размере от двух до трех показателей для расчетов.";
- часть 2 считать частью 3.
5. В статье 324:
- часть 1 изложить в следующей редакции:
"Несоблюдение водителями транспортных средств требований дорожных знаков, разметки дорог, пользования осветительными приборами в темное время суток или при недостаточном освещении, остановок общественного транспорта, пешеходных переходов, движение по тротуарам, пешеходным дорожкам, по полосе для маршрутных транспортных средств или по крайней левой полосе при наличии других свободных полос в данном направлении, остановка транспортных средств на полосе для маршрутных транспортных средств, в зоне перекрёстков и пешеходных переходов, на проезжей части дорог кроме первой полосы в данном направлении, а также создание помех для дорожного движения путем нарушения правил стоянки транспортных средств,
влечет наложение штрафа в размере одного показателя для расчётов.";
- часть 2 исключить.
6. В статье 462:
- в части 1 слова "или ремонтного звукоиздающего оборудования" заменить словами "или ремонтно-строительной звукоиздающей техники или оборудования";
- санкцию части 1 изложить в следующей редакции:
"влекут предупреждение или наложение штрафа на физических лиц в размере от двух до трёх, на должностных лиц - от пяти до семи и на юридические лица влекут предупреждение или наложение штрафа в размере от десяти до двадцати показателей для расчетов.";
- санкцию части 3 после слов "от десяти до пятнадцати" дополнить словами "и на юридические лица от двадцати до тридцати".
Статья 2. Настоящий Закон ввести в действие после его официального опубликования.
Президент
Республики Таджикистан Эмомали Рахмон
г.Душанбе,
от 25 декабря 2015 года, № 1262