Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 25 декабри соли 2015 № 1261 "Дар бораи ворид намудани тағйирот ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ДАР БОРАИ ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРОТ БА КОДЕКСИ ҶИНОЯТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Бо қарори Маҷлиси намояндагони

Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 2 декабри соли 2015, № 254

қабул гардидааст.

Бо қарори Маҷлиси миллии

Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 18 декабри соли 2015, № 148

ҷониборӣ гардидааст.

Моддаи 1. Ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 21 майи соли 1998 қабул шудааст (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 1998, №9, мод. 68, мод.69, №22, мод. 306; с. 1999, №12, мод. 316; с. 2001, №4, мод. 149, мод. 167; с. 2002, №11, мод. 675, мод. 750; с. 2003, №8, мод. 456, мод. 468; с. 2004, №5, мод. 346, №7, мод. 452, мод. 453; с. 2005, №3, мод. 126, №7, мод. 399, №12, мод. 640; с. 2007, №7, мод. 665; с. 2008, №1, қ. 1, мод. 3, №6, мод. 444, мод. 447, №10, мод. 803, №12, қ. 1, мод. 986, №12, қ. 2, мод. 992; с. 2009, №3, мод. 80, №7-8, мод. 501; с. 2010, №3, мод. 155, №7, мод. 550; с. 2011, №3, мод. 161, №7-8, мод. 605; с. 2012, №4, мод. 258, №7, мод. 694; ’ с. 2013, №6, мод. 403, мод. 404, №11, мод. 785, №12, мод. 881; с. 2014, №3, мод. 141, №7, қ. 1, мод. 385, мод. 386; с. 2015, №3, мод. 198, мод. 199), тағйироти зерин ворид карда шаванд:

1. Дар моддаи 307(1):

- санксияи қисми 1 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:

"бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз се то панҷ сол ҷазо дода мешавад.";

- санксияи қисми 2 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:

"бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз панҷ то даҳ сол ҷазо дода мешавад.".

2. Дар моддаи 307(2):

- дар санксияи қисми 1 калимаҳои "аз панҷ то ҳашт сол" ба калимаҳои "аз ҳашт то дувоздаҳ сол" иваз карда шаванд;

- дар санксияи қисми 2 калимаҳои "ҷарима ба андозаи аз як ҳазор то ду ҳазор нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё" хориҷ карда шуда, калимаҳои "аз ду то панҷ сол" ба калимаҳои "аз чор то ҳафт сол" иваз карда шаванд;

- дар санксияи қисми 3 калимаҳои "аз ҳашт то дувоздаҳ сол" ба калимаҳои "аз дувоздаҳ то понздаҳ сол" иваз карда шаванд.

3. Дар моддаи 307(3):

- дар санксияи қисми 1 калимаҳои "аз панҷ то ҳашт сол" ба калимаҳои "аз ҳафт то даҳ сол" иваз карда шаванд;

"бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз панҷ то ҳашт сол ҷазо дода мешавад.".

4. Дар моддаи 307(4):

- дар санксияи қисми 2 калимаҳои "аз ҳашт то дувоздаҳ сол" ба калимаҳои "аз дувоздаҳ то понздаҳ сол" иваз карда шаванд.

Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон                             Эмомалӣ Раҳмон

ш.Душанбе

25 декабри соли 2015 № 1261