ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ДАР БОРАИ ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРОТ БА КОДЕКСИ АНДОЗИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Бо қарори Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 9 октябри соли 2015, № 150
қабул гардидааст.
Бо қарори Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 9 октябри соли 2015, № 150
қабул гардидааст.
Бо қарори Маҷлиси миллии
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 12 ноябри соли 2015, № 131
ҷониборӣ гардидааст.
Бо қарори Маҷлиси миллии
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 12 ноябри соли 2015, № 131
ҷониборӣ гардидааст.
Моддаи 1. Банди 4) моддаи 138 Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с.2012, №9, мод. 838; с.2013, №12, мод. 889, мод.890; с.2015, №3, мод. 210) дар таҳрири зайл ифода карда шавад:
"4) Ҳуҷҷате, ки резидентии ғайрирезидентро тасдиқ мекунад, бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон бояд тасдиқ (легализатсия) карда шавад ё ба он апостил гузошта шавад, агар дар санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон тартиби дигар пешбинӣ нагардида бошад.".
...