Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23 ноябри соли 2015 № 1244 "Дар бораи ворид намудани тағйирот ба Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ДАР БОРАИ ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРОТ БА КОДЕКСИ АНДОЗИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Бо қарори Маҷлиси намояндагони

Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 9 октябри соли 2015, № 150

қабул гардидааст.

 

Бо қарори Маҷлиси миллии

Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 12 ноябри соли 2015, № 131

ҷониборӣ гардидааст.

Моддаи 1. Банди 4) моддаи 138 Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с.2012, №9, мод. 838; с.2013, №12, мод. 889, мод.890; с.2015, №3, мод. 210) дар таҳрири зайл ифода карда шавад:

"4) Ҳуҷҷате, ки резидентии ғайрирезидентро тасдиқ мекунад, бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон бояд тасдиқ (легализатсия) карда шавад ё ба он апостил гузошта шавад, агар дар санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон тартиби дигар пешбинӣ нагардида бошад.".

Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон              Эмомалӣ Раҳмон

ш.Душанбе

23 ноябри соли 2015 № 1244

ЗАКОН РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН

О ВНЕСЕНИИ ИЗМЕНЕНИЯ В НАЛОГОВЫЙ КОДЕКС РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН

Принят Постановлением МН МОРТ

от 9 октября 2015 года,№ 150

Одобрен Постановлением ММ МОРТ

от 12 ноября 2015 года,№ 131

Статья 1. Пункт 4) статьи 138 Налогового кодекса Республики Таджикистан (Ахбори Маджлиси Оли Республики Таджикистан, 2012 г., №9, ст.838; 2013 г., №12, ст.889, ст.890; 2015 г., №3, ст.210) изложить в следующей редакции:

"4) Документ, подтверждающий резидентство нерезидента, в порядке, установленном законодательством Республики Таджикистан, должен быть легализован или апостилирован, если иное не предусмотрено международными правовыми актами, признанными Таджикистаном.".

Статья 2. Настоящий Закон ввести в действие после его официального опубликования.

Президент

Республики Таджикистан                Эмомали Рахмон

г. Душанбе,

от 23 ноября 2015 года, № 1244