ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ДАР БОРАИ ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БА КОДЕКСИ МУРОФИАВИИ ҶИНОЯТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Бо қарори Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 15 октябри соли 2015, № 180
қабул гардидааст.
Бо қарори Маҷлиси миллии
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 12 ноябри соли 2015, № 116
ҷониборӣ гардидааст.
Моддаи 1. Ба Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 декабри соли 2009 қабул карда шудааст (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2009, №12, мод. 815, мод. 816; с. 2010, №7, мод. 551; с. 2011, №3, мод. 159, №7-8, мод. 609; с. 2012, №4, мод. 259, №7, мод. 714, №8, мод. 815, №12, қ. 1, мод. 1020, мод. 1025; с. 2013, №7, мод. 510, мод. 511; с. 2014, №3, мод. 142, №11, мод. 643), тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:
1. Аз қисми 1 моддаи 49 калимаҳои "ё шахсе, ки бо тартиби муқаррарнамудаи қонун барои пешбурди фаъолияти адвокатӣ иҷозатнома дорад," хориҷ карда шаванд.
2. Дар қисми 3 моддаи 51 калимаҳои "коллегияи касбии адвокатҳо ва адвокатҳои ваколатдор" ба калимаҳои "Иттифоқи адвокатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон" иваз карда шаванд.
3. Ба қисми 7 моддаи 161 пас аз рақами "260," рақами "260(1)," илова карда шавад.
4. Ба сархати сеюми қисми 4 моддаи 392 пас аз калимаи "бемориҳои" калимаҳои "сил ё" илова карда шаванд.
5. Ба моддаи 396 пас аз калимаи "равонпизишкӣ" калимаҳои "ё бемориҳои сил" илова карда шаванд.
Моддаи 2. Тартиби мавриди амал қарор додани Қонуни мазкур
Муқаррароти қисмҳои 1 ва 2 моддаи 1 Қонуни мазкур аз 27 марти соли 2016 ва қисмҳои 3-5 моддаи 1 Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шаванд.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш.Душанбе
23 ноябри соли 2015 № 1229