Бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз "1" августи соли 2015, № 508
тасдиқ шудааст
Низомномаи стипендияҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои хонандагону донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ
(қарори Ҳукумати ҶТ аз 28.05.2018 № 252, аз 24.07.2020 № 416)
1. Низомномаи стипендияҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои хонандагону донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ (минбаъд - низомнома) бо мақсади дастгирӣ ва ҳавасманд намудани хонандагон ва донишҷӯёне, ки рафтори намунавӣ ва хониши аъло доранд ва дар корҳои ҷамъиятӣ фаъолона иштирок мекунанд, таҳия гардида, талабот, тартиби сарфароз гардонидан ва маҳрум кардани хонандагону донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, ибтидоӣ ва миёнаи касбиро аз стипендияҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъдстипендияҳо) муқаррар менамояд .
2. Стипендияҳо аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатии кор бо ҷавонон сарфароз гардонида мешаванд
3. Довталабони стипендия хонандагону донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ, ки ба нишондиҳандаҳои зерин мутобиқат менамоянд, буда метавонанд :
- рафтори намунавӣ ва эҳтироми хосса дар байни ҳамсинфон (ҳамкурсон) дар ду соли охир, бо дарназардошти тавсияи хаттӣ (аз ҷониби роҳбари гурӯҳ ва директори муассисаи таълимӣ) ;
- хониши аъло, ки бояд мувофиқи маълумотномаи хаттӣ оид ба ҷамъбасти баҳоҳо дар ду соли охир аз ҷониби директори муассисаи таҳсилоти умумӣ ва як соли охир аз ҷониби директори муассисаи таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ тасдиқ шуда бошад ;
- иштирок дар корҳои ҷамъиятӣ, ки он тибқи тартиби муқарраргардида аз ҷониби мақомоти маҳаллии кор бо ҷавонон муайян карда мешавад.
4. Стипендияҳо дар асоси озмун аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатии кор бо ҷавонон ҳар сол барои як соли таҳсил (аз 1 сентябр то 1 июн) таъин карда мешаванд
5. Стипендияҳо барои 2950 (ду ҳазору нуҳсаду панҷоҳ) хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, 25 (бисту панҷ) донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбӣ ва 25 (бисту панҷ) донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ муқаррар карда мешаванд .
6. Мақоми ваколатдори давлатии кор бо ҷавонон квотаҳои стипендияро дар шаҳру ноҳияҳо бо дарназардошти миқдори хонандагону донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ муайян менамояд
7. Бо мақсади ташкили кор барои ба таври озмун интихоб намудани номзадҳо ҷиҳати гирифтани стипендия назди мақомоти маҳаллии кор бо ҷавонон (вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо) комиссияҳо аз ҳисоби кормандони мақомоти кор бо ҷавонон, маориф ва илм, фарҳанг, меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ таъсис дода мешаванд
8. Комиссияҳои шаҳрию ноҳиявӣ (ба истиснои шаҳри Душанбе) номзадҳоро дар асоси пешниҳоди шӯроҳои педагогии муассисаҳои таълимӣ ва банди 3 Низомномаи мазкур интихоб намуда, комиссияҳои вилоятӣ ва шаҳри Душанбе мутобиқати натиҷаҳои озмунро бо талаботи гузаронидани озмун, ки тибқи ҳамин Низомнома ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ муайян шудааст, баҳогузорӣ намуда, протокол тартиб медиҳанд. Маводи мазкурро барои тасдиқ ба Комиссияи назди мақоми ваколатдори давлатии кор бо ҷавонон пешниҳод менамоянд. Дар сурати номутобиқатии натиҷаҳои озмун ба талаботи мавҷуда, мавод барои гузаронидани озмуни иловагӣ ба комиссияҳои шаҳрию ноҳиявӣ баргардонида мешавад. Озмуни иловагӣ дар давоми даҳ рӯз гузаронида мешавад .
9. Низомномаи Комиссияро мақоми ваколатдори давлатии кор бо ҷавонон таҳия ва тасдиқ менамояд.
10. Комиссияҳои шаҳрию ноҳиявӣ доир ба натиҷаҳои кори худ ҳар сол то 10 август ҳуҷҷатҳои заруриро барои мувофиқа ба комиссияҳои вилоятӣ, шаҳри Душанбе пешниҳод менамоянд. Комиссияҳои вилоятӣ, шаҳри Душанбе то 20 август барои тасдиқ ба мақоми ваколатдори давлатии кор бо ҷавонон хуҷҷатҳои заруриро пешниҳод менамоянд .
Бо мақсади таҳлилу омӯзиши мутобиқати ҳуҷҷатҳои пешниҳоднамудаи комиссияҳои вилоятӣ, шаҳрию ноҳиявӣ ва омода кардани онҳо барои тасдиқ дар назди мақоми ваколатдори давлатии кор бо ҷавонон Комиссияи ҷумҳуриявӣ оид ба стипендияҳо таъсис дода мешавад .
Дар ҳолати риоя накардани талаботи низомномаи мазкур, дар муҳлати муқарраршуда пешниҳод нагардидани ҳуҷҷатҳои довталабон ба стипендия аз шаҳру ноҳияҳо, мақоми ваколатдори давлатии кор бо ҷавонон ҳуқуқ дорад квотаҳои стипендияи ба ин шаҳру ноҳияҳо пешбинишударо ба довталабони шаҳру ноҳияҳои дигар дар асоси гузаронидани озмуни иловагӣ ва қарори комиссияи босалоҳият пешниҳод намояд
11. Мақоми ваколатдори давлатии кор бо ҷавонон дар асоси санаду ҳуҷҷатҳое, ки аз ҷониби комиссияҳо пешниҳод мегарданд, инчунин мутобиқи протоколи Комиссияи назди мақоми ваколатдори давлатии кор бо ҷавонон ва қарори Ҳайати мушовараи мақоми ваколатдори давлатии кор бо ҷавонон ҳар сол то 1 сентябр рӯйхати гирандагони стипендияро барои як соли таҳсил тасдиқ мекунад .
12. Пардохти стипендия ҳар моҳ бо дарназардошти фаъолияти ҷамъиятии гирандаи стипендия мутобиқи шартномаи дахлдори байни мақоми ваколатдори давлатии кор бо ҷавонон ва гирандаи стипендия аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатии кор бо ҷавонон тибқи тартиби муқарраргардида ба анҷом расонида мешавад. Дар сурати аз ҷониби гирандаи стипендия вайрон кардани талаботи шартнома, пардохти стипендия метавонад қатъ карда шавад. Тартиб ва талаботи шартнома аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатии кор бо ҷавонон муайян карда мешавад
13. Аз стипендия маҳрум кардани шахс дар ҳолати иҷро нагардидани талаботи банди 3 Низомномаи мазкур, инчунин вайрон кардани талаботи шартнома дар асоси пешниҳоди мувофиқашудаи комиссияҳои маҳаллӣ ва тибқи қарори Ҳайати мушовараи мақоми ваколатдори давлатии кор бо ҷавонон сурат мегирад. Рӯзи аз стипендия маҳрум кардани шахс аз рӯзи ба имзо расидани қарори дахлдори Ҳайати мушовара ба ҳисоб гирифта шуда, пардохти маблағи стипендия қатъ карда мешавад ва дар мӯҳлати то 10 рӯз тибқи тартиби пешбининамудаи банди 8 Низомномаи мазкур озмуни иловагӣ ташкил гардида, номзади муносиб аз ҷониби комиссияҳои маҳаллӣ интихоб ва барои тасдиқ ба мақоми ваколатдори давлатии кор бо ҷавонон пешниҳод мегардад
14. Ба гирандаи стипендия, ки тариқи озмуни иловагӣ тибқи тартиби Низомномаи мазкур ғолиб дониста шудааст, аз рӯзи имзои қарори дахлдори Ҳайати мушовараи мақоми ваколатдори давлатии кор бо ҷавонон маблағи стипендия пардохт карда мешавад
15. Комиссияи назди мақоми ваколатдори давлатии кор бо ҷавонон рӯйхати гирандагони стипендияҳоро барои маълумот ба мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи маориф пешниҳод менамояд .
Бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз "1" августи соли 2015, № 508
тасдиқ шудааст
Низомномаи стипендияҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои хонандагону донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ
1. Мутобиқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 14 июли соли 2005, № 1573 "Дар бораи таъсис додани стипендияҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои хонандагони мактабҳои таҳсилоти умумӣ, литсейҳо, гимназияҳо, омӯзишгоҳҳои касбӣтехникӣ, омӯзишгоҳҳо, техникумҳо ва коллеҷҳо" бо мақсади дастгирӣ ва ҳавасманд намудани хонандагоне, ки рафтори намунавӣ ва хониши аъло дошта, дар корҳои ҷамъиятӣ фаъолона иштирок мекунанд аз 1 ноябри соли 2005 сар карда 300 (сесад) стипендияҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шудааст.
2. Стипендияҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатии кор бо ҷавонон сарфароз гардонида мешаванд.
3. Довталабони стипендияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон хонандагону донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ, ки ба нишондиҳандаҳои зерин мутобиқат менамоянд, буда метавонанд:
- рафтори намунавӣ ва эҳтироми хосса дар байни ҳамсинфон ва ҳамкурсон дар ду соли охир, бо дарназардошти тавсияи хаттӣ (аз ҷониби роҳбари гурӯҳ ва директори муассисаи таълимӣ);
- хониши аъло, ки мувофиқи маълумотномаи хаттӣ оид ба ҷамъбасти баҳоҳо" дар ду соли охир аз ҷониби директори муассисаи таълимӣ бояд тасдиқ шуда бошад;
- иштирок дар корҳои ҷамъиятӣ, ки он тибқи тартиби муқарраргардида аз ҷониби мақомоти маҳаллии кор бо ҷавонон муайян карда мешавад.
4. Стипендияҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси озмун аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатии кор бо ҷавонон ҳар сол барои як соли таҳсил (аз 1 сентябр то 1 июн) таъин карда мешаванд.
5. Стипендияҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои 240 (дусаду чил) хонандаи муассисаҳои таҳсилоти умумӣ ва 60 (шаст) хонандагону донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ муқаррар карда мешаванд.
6. Мақоми ваколатдори давлатии кор бо ҷавонон квотаҳои стипендияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар шаҳру ноҳияҳо бо дарназардошти миқдори хонандагону донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ муайян менамояд.
7. Бо мақсади ташкили кор барои ба таври озмун интихоб намудани номзадҳо ҷиҳати гирифтани стипендияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди мақомоти маҳаллии кор бо ҷавонон (вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо) комиссияҳо аз ҳисоби кормандони мақомоти кор бо ҷавонон, маориф ва илм, фарҳанг, меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ таъсис дода мешаванд.
8. Комиссияҳои шаҳрию ноҳиявӣ (ба истиснои шаҳри Душанбе) номзадҳоро дар асоси пешниҳоди шӯроҳои педагогии муассисаҳои таълимӣ ва банди 3 Низомномаи мазкур интихоб намуда, комиссияҳои вилоятӣ ва шаҳри Душанбе мутобиқати натиҷаҳои озмунро бо талаботи гузаронидани озмун, ки тибқи ҳамин Низомнома ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ муайян шудааст, баҳогузорӣ намуда, протокол тартиб медиҳанд. Маводи мазкурро барои тасдиқ ба мақоми ваколатдори давлатии кор бо ҷавонон пешниҳод менамоянд. Дар сурати номутобиқатии натиҷаҳои озмун ба талаботи мавҷуда, мавод барои гузаронидани озмуни иловагӣ ба комиссияҳои шаҳрию ноҳиявӣ баргардонида мешавад. Озмуни иловагӣ дар давоми даҳ рӯз гузаронида мешавад.
9. Низомномаи Комиссияро мақоми ваколатдори давлатии кор бо ҷавонон таҳия ва тасдиқ менамояд.
10. Комиссияҳои шаҳрию ноҳиявӣ доир ба натиҷаҳои кори худ ҳар сол то 10 август ҳуҷҷатҳои заруриро барои мувофиқа ба комиссияҳои вилоятӣ, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ пешниҳод менамоянд. Комиссияҳои вилоятӣ, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ то 20 август барои тасдиқ ба мақоми ваколатдори давлатии кор бо ҷавонон хуҷҷатҳои заруриро пешниҳод менамоянд.
11. Мақоми ваколатдори давлатии кор бо ҷавонон дар асоси санаду ҳуҷҷатҳое, ки аз ҷониби комиссияҳо пешниҳод мегарданд, инчунин мутобиқи қарори Ҳайати мушовараи мақоми ваколатдори давлатии кор бо ҷавонон ҳар сол то 1 сентябр рӯйхати гирандагони стипендияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро барои як соли’таҳсил тасдиқ мекунад.
12. Пардохти стипендия ҳар моҳ бо дарназардошти фаъолияти ҷамъиятии гирандаи стипендия мутобиқи шартномаи дахлдори байни мақоми ваколатдори давлатии кор бо ҷавонон ва гирандаи стипендия аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатии кор бо ҷавонон тибқи тартиби муқарраргардида ба анҷом расонида мешавад. Дар сурати аз ҷониби гирандаи стипендияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон вайрон кардани талаботи шартнома, пардохти стипендия метавонад қатъ карда шавад. Тартиб ва талаботи шартнома аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатии кор бо ҷавонон муайян карда мешавад.
13. Аз стипендияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳрум кардани шахс дар ҳолати иҷро нагардидани талаботи банди 3 Низомномаи мазкур, инчунин вайрон кардани талаботи шартнома дар асоси пешниҳоди мувофиқашудаи комиссияҳои маҳаллӣ ва тибқи қарори Ҳайати мушовараи мақоми ваколатдори давлатии кор бо ҷавонон сурат мегирад. Рӯзи аз стипендия маҳрум кардани шахс аз рӯзи ба имзо расидани қарори дахлдори Ҳайати мушовара ба ҳисоб гирифта шуда, пардохти маблағи стипендия қатъ карда мешавад ва дар мӯҳлати то 10 рӯз тибқи тартиби пешбининамудаи банди 8 Низомномаи мазкур озмуни иловагӣ ташкил гардида, номзади муносиб аз ҷониби комиссияҳои маҳаллӣ интихоб ва барои тасдиқ ба мақоми ваколатдори давлатии кор бо ҷавонон пешниҳод мегардад.
14. Ба гирандаи стипендияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки тариқи озмуни иловагӣ тибқи тартиби Низомномаи мазкур ғолиб дониста шудааст, аз рӯзи имзои қарори дахлдори Ҳайати мушовараи мақоми ваколатдори давлатии кор бо ҷавонон маблағи стипендия пардохт карда мешавад.