Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
ҚАРОР
Дар бораи ворид намудани илова ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 августи соли 2008, № 369
Мутобиқи моддаи 169 Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон, моддаи 345 Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон ва моддаи 42 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Ба банди 1 қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 августи соли 2008, № 369 "Дар бораи объектҳои махсусан муҳим" зербанди 33 бо мазмуни зайл илова карда шавад:
"33. Лоиҳакашӣ ва сохтмони пул аз болои дарёи Ванҷ дар доираи Лоиҳаи таҷдид/барқарорсозии қисмати 1 марҳилаи 2 роҳи автомобилгарди Душанбе - Кулма (Тоҷикистон - сарҳади Хитой)".
2. Номгӯи таҷҳизот ва маводҳои сохтмоние, ки ба Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Корпоратсияи хитоӣ оид ба сохтмони роҳу пулҳо "China road & bridge corparation" барои татбиқи объекти дар банди 1 қарори мазкур зикргардида ворид карда мешаванд, тибқи замима тасдиқ карда шавад.
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикстон Эмомалӣ Раҳмон
аз 2 ноябри соли 2015 № 661
ш.Душанбе
Замима